ШОЗИЛИЯ як силсилаи тасаввуфро гуянд, ки пайравони Абулхасани Шозилиро (а.9) пешвои худ медонистанд. Асоси таълимоти Ш.-ро суханони орифона ташкил медоданд. Абулхасани Шозили мувофики маълумоти муаллифи «Тароик-ул-хакоик» Мухммад Маъсуми Шерози дар каромот макоми баланд доштааст. Аввал дар Мисру кисми шимолии Африка пайравони зиёд пайдо кард ва аз а.10 таълимоти Ш.ба Эрон нуфуз намуд. Бино ба маъхазхои тасаввуфи Абулхасани Шозили тарикати хосе надоштааст, аммо баъди фавти у муридонаш силсилаи мазкурро ба вучуд оварда, ба номаш нисбат додаанд. Аз Ш. дар Миср чанд силсила-букрия, чавхария вафоия, афифия, хошимия ва г ба вучуд омадаанд. Дар шимоли Африко силсилахои хабибия, юсуфия ва носирия аз таълимоти Ш. гизои маънави гирифтаанд. Ш. ба мисли дигар силсилахои тасаввуфи дар таърихи афкори чамъияти роли иртичои бозидааст.
М.Хазраткулов