Маълумоти охирин

ШИКОР

ШИКОР, сайд, сайди хайвоноти вахши ва паррандахоро гуянд. Яке аз кадимтарин сохахои фаъолияти истехсолии инсон аст. ш. дар ибтидо (давраи аввали палеолит) хусусияти колективи дошт. Санг, табари сангин, гурз, найза, дертар корд, тур ва г. олоти Ш. буданд. Дар давраи мезолит ихтироъ шудани тиру камон барои инкишофи Ш. такони бузурге гардид. Одамони ибтидои аз давраи неолит барои Ш. саг, мулух, асп, мургони шикориро истифода мебурдаги шуданд.

shikor

Холо барои Ш. асосан туфангхои шикори ва домхои чубин, филизин, тур ва г., баъзан хайвонхо (сагхои този, юз), мургхои шикори (лочии, шохин, укоб, бургут, боз) -ро истифода мекунанд. Барои чалб намудани сайд ба шикоргох мулух (гушт, мохи, чормагз, мева, моддахои хушбуй ва г.)-po ба кор мебаранд. Ш. саноати, спортию хаваскори ва илми мешавад.

Дар СССР барои инкишофн хаматарафаи Ш. (бо истифодаи окилонаи табиат) имконхои калон фарохам оварда шудаанд (ниг. Хочагии шикор), Дар масохати васеъ зиёда аз 100 намуди хайвони муинадор, 20 намуди хайвони сумдори вахши (сайдак, шохгавазн, охуи холдор ва гавазни шимоли, тури кавкази ва догистони, нахчир. архар ва г.), беш аз 150 намуди мурги шикорбоб маскунанд. Махсулоти асосии Ш. муина мебошад, ки аз руи истехсоли он СССР дар чахон чои аввалро мегирад.

Паррондан ё доштани сайд дар СССР аз руи конуни карорхои давлати ва хуччатхое, ки ба истифодаи окилона, мухофизат ва тачдиди захираи хайвоноти вахшии фоиданок равона шудаанд, ба тартиб андохта мешавад. Дар республикахои иттифоки (гайр аз РСФСР) коидаи ягонаи Ш.амал мекунад. Билети шикорчиёни СССР хуччати якхелаест, ки онро идораи хочагихои шикор ва чамъиятхои шикорчиён медиханд ва сохиби он ба шикори сайдхои гуногун хукук дорад.

Мувофики устав хар як шахс аз синни 18-солаги метавонад аъзои ин чамъият шавад. Максади асосии чамъият афзун гардондану мухофизат намудани хайвоноту паррандагони мамнуъгоху шикоргоххо мебошад. Чамъият холо бештар аз 10 хаз. наф. аъзо дорад ва он 11 хочагии шикор (346, 833 га)-ро дар бар мегирад, Дар хочагихои шикор хар сол микдори хайвоноту паррандахоро ба хисоб мегиранд. Дар Точикистон асосан гург (тамоми сол), рубох (1 нояб.— 15 февр.), шагол (тамоми сол), гуроз (15 сент.—31 дек.), заргуш (1 нояб. 31 дек-.), нахчир (15 сент.—31 дек.), кабк (1 окт.—15 февр.), бедона (1 окт.—45 февр.), кабутари вахши (1 сент.—31 дек.), мургоби (1 окт.— 15 янв.’), кашкалдок (15 сент.—-13 дек.) Ш. карда мешавад.

Хирс, шерпаланг (ирбис), холгул, гурм, морхур, архар, мурги хилол, тазарв, гози кухи ва баъзе диг.-ро, ки дар «Китоби сурхи РСС Точикистон» кайд шудаанд, сайд кардан манъ аст.

А. Валиев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …