Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШИФО-УЛ-АЛИЛ»

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ»

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ» Аасари Кахол Убайдулло дар боби тиб, ки с. 1598 ба забони форси таълиф шудааст. Асар аз сарсухан ва 18 боб иборат аст, ки дар як боб ба якчанд фасл чудо мешавад. Сарсухани асар ба ахамияти тиб ва вазифахои табибон бахшида шудааст. Боби якум дар бораи сохти майна ва ахамияти он, сабабхои пайдоиши дарди cap ва усулхои муоличаи ои бахс мекунад. Боби дуюм ба чашм ва сохти он, амрози чашм ва усулхои пешгирию муоличаи он оид аст. Боби сеюм дар маърифати амрози гуш, бини ва дахон, аз чумла дарди дандон ва забон, усулхои давои онхо буда, дар боби чахорум оид ба дарди гулу ва муоличаи он сухан меравад. Дар боби панчум амрози дил ва муоличаи он, дар боби шашум, хафтум ва хаштум сохти узвхои хозима, дигар, талхадон, меъда, руда ва касалию муоличаи онхо, боби нухум масъалахои амрози хароммагз, боби дахум (8 фасл дорад) оид ба дарди шошадон маълумот медихад. Бобхои минбаъдаи асар дар бораи дарди банди дасту пой, ташхиси амрози пусти бадан, муоличаи захми бадан, беморихои кудакон, варача ва г. бахс мекунад. Дар кисми хулоса муаллиф дар бораи бухронхо, сабабхои фавти беморон, сактаи калб ва г. маълумот медихад. Дастхати «Ш.» тахти раками 2611 дар Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Узб. махфуз аст.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.