Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗИ

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗИ

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗИ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири точик. Дар ох. а. 19 ва авв. а. 20 зиндаги ва эчод кардааст. У барои такмили дониш ба Бухоро рафта, пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгохаш Дарвоз баргаштааст. Бино ба маълумоти Мухтарам («Тазкират-уш-шуаро») ва Афзалмахдуми Пирмасти («Афзал-ут-таз-кор фи зикр-ип-шуаро вал-ашъор») Шамсуддини Дарвози аз шоирони намоёни замонаш будааст. Девони ашъори шоир дастрас нест, вале ашъори парокандааш дар тазкираву баёзхо дучор мешаванд. Як мухаммаси у дар баёзи шоирони Дарвоз, ки мураттибаш Йулдошбии Доии Бухори буда, зери раками 819 дар Ганчинаи дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АФ РСС Точикистон махфуз аст ва чанд газалаш дар девони Мухиддини Каротегини оварда шудааст. Ин матлаи газал намунае аз ашъори уст:

Маро, ки бастаам аз куи дуст мархилан.

Бувад зи бахтаму аз кас набошадам гилае.

А. Хабибов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.