Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОХОВ Тоир Теймуругли

САЛОХОВ Тоир Теймуругли

САЛОХОВ Тоир Теймуругли (таваллудаш 29. И. 1928, Боку), рассом ва графики совети, Рассоми Халкии СССР (1973), аъзо-корреспонденти АР СССР (1966). Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар Омузишгохи рассомии ба номи А. Азимзодаи шахри Боку (1945—1950) ва Институти рассомии ба номи В. И. Сурикова Москва (1951—1957) тазсил кардааст. Солхои 1963—1974 омузгори Институти санъати Озарбойчон ба номи М. А. Алиев, аз соли 1973 профессор, аз соли 1975 ин чониб дар Институти рассомии ба номи В. И. Сурикови Москва дарс медихад. Асархояш: портрети бастакор А. Каро-Кароев (1960, Нигористони Третьяков), «Таъмиргарон» (1961, Музейи санъати Озарбойчон ба номи Р. Мустафоев, Боку), «Дар сохили Каспий» (1967, моли ИР СССР, Москва; барои асархои номбурда Мукофоти давлатии СССР гирифт, 1968), «Бахри нав» (1970, моли Вазорати маданияти РСС Озарбойчон, Боку; Мукофоти давлатии РСС Озарбойчон, 1970), силсилаи сиёхкаламии «Дар Апшерон» (1969, моли ИР СССР), ороиши намоишномаи «Антоний ва Клеопатра»-и У. Шекспир дар Театри академии драмаи ба номи М. Азизбекови Озарбойчон (1964, Мукофоти давлатии Озарбойчон ба номи М. Ф. Охундов, 1965). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 7—8), вакили съездхои 23—24-уми КПСС. Котиби якуми Правленияи ИР СССР (аз соли 1973). Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст .

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.