Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАЛГАМЧА

ШАЛГАМЧА

ШАЛГАМЧА (Raphanus sativus var. raducula), як навъ сабзавот, шалгаммонандро гуянд; гиёхи як ё дусолаест аз оилаи чилликгулхо. Шалгамчаи яксола (навъхои европои) соли кишт бех ва тухм мебандад ва дусола (навъхои хитои, япони — навъхои тирамохи) соли кишт бех баста, соли дигар гул мекунад. Бехмеваи навъдаи Шалгамча гуногуншакл (шалгаммонанд, лунда, зугуташакл, дарозруя ва г.) ва гуногунранг (сафед, сурх, зард, бунафш, гулоби) мешавад.

shalghamcha

Дар СССР асосан навъхои европоии Шалгамчаро мепарваранд. Шалгамчаи худруй маълум нест. Эхтимол, аз навъи ба худаш наздики R. maritl-mus, ки 5 хаз. сол пеш дар сохнли б. Миёназамин мепарвариданд, пайдо шуда бошад. Мувофики маълумоти Геродот шалгамча, пиёз ва сир хуроки меъморони ахроми Хеопс (2900 сол то м.) будааст. Дар СССР Шалгамчаро аз нохияхои шимол то чануб, махсусан дар наздикии шахрхои калон ва марказхои саноати парвариш мекунанд. Аз хар га то 200 ц хосил мегундоранд.

Шалгамча забзавоти маъмул аст. Онро тару тоза истеъмол мекунанд ва барги наврасашро чун хуриш истифода мебаранд. Шалгамча 3,2% канду охар, кариб 1% сафеда, витамини С (то 30 мг%), В/, ва каротин дорад.

Ад.: Вехов В. Н.. Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР. М,.1978.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …