ШАККОКИЯ (ар. — шаккоки, нобовари, шубха), скептицизм, чараёни фалсафиест, ки ба имконияти маърифати вокеияти объективи бовари надорад. Мувофики таълимоти Шакокия одам ба дарки сабаби ходисахо кодир нест, лекин окибати онхоро донистану ба эътибор гирифтанаш мумкин аст. Шаккокиён ба маърифати мохияти ашё ва касби дониши муътамад шубха доштанд, вале фаъолияти окилонаи амалии инсонро инкор намекарданд.
Шаккокия хамчун системаи акоиди фалсафи дар а. 4 то м. дар Юнони Кадим ташаккул ёфт. Асосгузори он Пиррон (365—275) буд. Минбаъд Шаккокия дар доираи Академияи Афлотуни нуфуз пайдо кард. Намояндагони машхури Шаккокия Тимон, Аркесилай, Карнеад, Энесидем, Агриппа буданд. Дар асрхои аввали мелод Шаккокия дар фалсафаи рими васеъ интишор ёфт. Фаъолияти охирин намояндаи ин чараён С. Эмпирик такр. ба нимаи дуюми а. 2 ва ибт. а. 3 рост меояд.
Шаккокия хамчун акоиди фалсафи дар давраи таназзули муносибатхои ичтимоии сохти гуломдори ва бархам хурдани идеалхои он ба вучуд омад. Он факат ифодакунандаи кушиши омма барои истиклоли «ичимои буд ва онхоро ба тамкину атараксия (форигболи) хидоят мекард. Шаккокия ба атараксия расиданро як навъ кайфият ё камоли саодат тавсиф менамуд. Аз ин ру, он ва нафакат таълимоти фалсафи, балки равонию (психологи) педадоги низ мебошад.
Мазмуни асосии Шаккокия аз танкиди таълимоти мухталифи системахои мутазоди фалсафи иборат аст. Шаккокия ба ин кабил системахо тасаввуроти мукаррариро бидуни исботи боэътимодии хакикаташон мукобил мегузошт. Зеро пайравонаш чунин мепиндоштанд, ки ба фаро расидани атараксия аз таълимоти фалсафи дида тасаввуроти мукаррари бештар таъсир мерасонад. Дар асрхои миёна Шаккокия чанбаи мухими фалсафаи тасаввуф карор гирифт. Ахли тасаввуф имкониятхои маърифатии ахли инсонро инкор мекарданд. Анъанаи суфиёнро Мухаммади Разоли давом дод. Шаккокия дар таълимоти Умари Хайём ва Хофизи Шерози майли озодандеши пайдо кард. Шаккокияи онхо, ки натичаи саъйи дарки асрори вучуд ва шархи мохияти максади зиндагии инсон буд, зухуроти эътироз ба мукобили ахкоми шаръи хисоб мешуд.
Фалсафаи а-хои то—17 низ саршори рухи Шаккокия аст. М. Монтень, П. Бейль (1647—1706) мункири хакикати дини шуда, озодии акоиди мазхабиро таргиб мекарданд. Декарт Шаккокияро хамчун усули дарёфти тафовути байни хакикату иштибох ва дониши муътамаду носахех истифода бурдаасг. Д. Юм Шаккокияро бо агностицизм яксон медонад.
Ад.: Эмпирик С., Соч. н двух томах М., 1970; Лаэртий Д., О жизни. учениях и изречениях знаменитых философом, м., 1970; Асмус Ф, в., Античиная философия, М., 1976.