Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ШАХРИ ЛОЗУКИЯ

ШАХРИ ЛОЗУКИЯ

ЛОЗУКИЯ (ба забони русси Латакия) – шахрест дар шимолу гарбии кишвари Сурия, дар сохили бахри Миёназамин вокеъ аст. Маркази маъмурии вилояти Лозукия мебошад. Координатхои шахри Лозукия дар харитаи чахони: 35°31′25″ шимоли ва 35°47′30″ шарки. Ахолии Лозукия ба аввали соли 2017 иборат аз 570 хазор нафар буда тули 50 соли охир такрибан 5 маротиба афзудааст.

ШАХРИ ЛОЗУКИЯ ДАР СУРИЯ

Бандари асосии мамлакат ва ибтидои рохи охани Лозукия—Халаб—Камишли (758 км.), ки бо ёрии хукумати давлати шуравихо сохта шудааст. Корхонахои пахтатозакуни, орду равганкаши, тамоку ва собунпази дорад. Инчунин равгани зайтун ва матоъхои шохи истехсол мекунанд. Лозукия шахри кадимист. Дар асри 7 онро арабхо забт карда буданд.

Харорати хаво тобистон дар Лозукия то + 30 дарача селсия гарм ва зимистон на кам аз +5 дарача селсия гарм мешавад. Боришот ба гайр аз моххои июн июл ва август дигар боки моххо бо бориш буда ба хисоби миёна дар як сол 750 милиметр борон меборад, ки дар байнашон моххои декабру январ аз хама сербориш мебошанд.

ШАХРИ ЛОЗУКИЯ ДАР ХАРИТА

Дар давраи юришхои салибдорон барои Лозукия байни салибдорону арабхо чангхои бисьёр ба амал омаданд. Солхои 1516—1918 дар хайати империяи туркхои Усмони, аз 1918 то 1943 зери хукмронии фаронсавихо буд. Соли 1943 дар хайати вилояти Лозукия ба Сурия гузашт. Соли 2011 бар асари бархурди террористон ва хукуматдорон шахр зарари чидди дида мардуми зиёде аз он ба дигар давлатхои дунё мухочират карданд. Зодгохи раисчумхури Сурия (Башар ал Асад) махз аз шахри Лозукия аст.

ВИДЕО ОИДИ ШАХРИ ЛОЗУКИЯ

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …