Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Рисал-и-Алонсо Хосе

Рисал-и-Алонсо Хосе

РИСАЛ, Рисал-и-Алонсо Хосе (19. 6. 1861, Каламба, музофоти Лагуна — 30. 12. 1896, Манила), кахрамони милли ва маорифпарвар, нависанда ва олими Филиппин. Дар Университети Манила, дар Испания ва Германия тахсил кардааст. Хамчун духтур, зоолог, этнограф, забоншинос ва муаррих, шоир ва нависанда, хайкалтарош ва рассом машхур аст. Роман ва памфлетхои сиёсии Рисал ба бедор шудани худшиносии миллии зиёиёни Филиппин мусоидат кардааст. Рисал дар асархои илмиаш хамчун инсонпарвар, муборизи зидди нажодпарасти ва чахолатпарасти баромад мекард. У деист буда, аз калисо алокаашро канд. Рисал ба инкишофи маорифи халк даъват менамуд ва ба дастгирии либералхои Испания умед баста, гузаронидани ислохоти демократиро талаб мекард. Баъди мухочирати 10-сола дар Европа соли 1892 ба ватан баргашта, дар мамлакат аввалин ташкилоти сиёси — Лигаи Филиппинро таъсис дод, ки ба ин сабаб ба чазираи Минданао бардарга шуд. Рисал мекушид, ки халкашро аз кашшокию бехукуки бе зуроварию хунрези начот дихад. Фаъолияти Рисал ба кори аз чихати идеологи тайёр намудани револютсияи миллии озодихохи мусоидат кард. Соли 1896 рохбарони Катипунан (ташкилоти ватандустонаи махфии зидди мустамликадорони испани) ба Рисал таклиф намуданд, ки сарвари шуриш мусаллах шавад, вале у ин таклифро рад кард. Бо ин хама, вакте ки шуриш сар шуд, хукуматдорони Испания Рисалро ба исёнгари айбдор намуда, ба катл расониданд. Рисал яке аз машхуртарин кахрамонхои миллии Филиппин аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.