Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Республикаи Парагвай

Республикаи Парагвай

Парагвай (Раraguay), Р е с п у б л и к а и Парагвай (Republica del Paraguay). Парагвай, давлатест дар кисми марказии Америкаи Чануби. Дар Шимол ва Шимолу Гарби бо Боливия, дар Шимолу Шарк ва Шарк бо Бразилия, дар Чануб,  ва Гарб бо Аргентина хамсархад аст. Масохати.—406,8 хазор км2. Ахолиаш 3,3 млн. нафар (1981). Пойтахташ шахри Асунсон. Аз чихати маъмури ба 16 департамент ва округи пойтахт таксим шудааст.

Сохти давлати. Парагвай — республика. Конститутсияи хозирааш соли 1967 кабул шудааст. Сардори давлат ва хукумат — президент, ки уро ахоли ба мухлати 5 сол интихоб мекунад. Дар назди президент Совети давлати амал менунад, ки он хукуки машварати дорад. Органи олии конунбарор — Конгресс, ки он аз сенат ва палатаи депутатхо иборат аст. Сис­темаи суди: Суди оли, судхои аппелятсиони ва гайра.

Табиат. Кисми марказии Парагваёро паст­хамии аллювиалии дарёи Парагвай ишгол кардааст. Дар Чанубу Шарк пахнкухи Бразилия, дар Шимолу Гарбии хамвории Гран-Чако вокеъ гардидаанд. Терр. мамлакат дар цисми чан. гароии платформам Бразилия цой гирифтааст. Иклимаш тропики. Харорати миёнаи июл 17—19°, январ 27—29°С. Боришоти солона 700—2000 мм. Дарёхои калонаш: Парана на Парагвай. Кулхои хурди бисёраш аксар шуробанд. Хоки кисми шарки мамла­кат сурхи ферролити. Хоки марказ маргзорй, хоки кисми гарби сурхи чигари. Аз нисф зиёди территорияи Парагвайро беша пушидааст. Дар сохилхои дарёи Парагвай ботлок бисёр аст. Олами хайвонаташ бой ва гуногун (тапир, гуроз, сагоби, кашафпушт, оху ва гайра); парранда ва мори зиёде дорад.

Ахоли. Ахолии асосии мамлакат парагваихоянд. Кариб 30 хазор хиндихо хастанд. Мухочирони хоричи низ зиндаги мекунанд. Забони расми — испани, Аксарияти ахоли ба забони гуарани гуфтугу мекунад. Дини дав­лати — католики. Шахрхои калан: Асу­нсон, Энкарнасон, Консепсон, Виляррика, Пилар.

Маълумоти таърихй. Аз даврахои кадим дар территорияи Парагвай кабилахои сершумори хинди зиндаги мекарданд. Кабилаи гуарани дар шарки мамла­кат, кабилахои тоба, мокови, матако дар нохияхои Чако маскан карда будаад. Хамаи ин кабилахо дар зинахои гуногуни сохти чамоаи ибтидои буданд. Дар нимаи дуюми асри 16 мустамликадорони Испания ба забти ин сарзамин сар карданд. Аввал Парагвай ба хайати шохии Перу дохил шуд, дар а. 17 губернатории мустакил гардид. Дар асри 18 дар мамлакат хунарманд, савдо, муносибатхои молию дуни инкишоф ёфтанд. Парагвай аз соли 1776 музофоти шохии Ла-Плата.

Дар натичаи шуриши мохи май 1811 Парагвай истиклол гирифт ва дар мамлакат хунтаи револютсиони барпо гардид. Соли 1814 ба сари хокимият X. Г. Франсиа омада, диктатураи худро пойдор кард. У ба заминдорони миёна, хурд ва буржуазияи милли такя намуда, як катор дигаргунихои буржуази- демократи гузаронд. Соли 1844 конституцтсияи аввалин кабул карда шуд. Баробари инкишофи муносибатхои капиталисти структураи чамъияти синфи хам тагйир ёфт. Дар Парагвай синфи коргар ба вучуд омад.

Солхои 1864—1870 нисфи территорияи мамлакатро Ар­гентина ва Бразилия забт карданд. Конститутсияи соли 1870 хокимияти помешикони иртичои ва буржуазияи тичоратиро мустахкам намуд. Ба иктисодиёти мамлакат хоричиён рох ёфтанд. Соли 1887 Партияи либерали ташкил шуд, ки он манфиатхои бур­жуазия ва дехкононро химоя мекард. Латифундистони калон ва харбиён дар Ассотсиатсияи миллии республикави («Колорадо») муттахид шуданд. Дар давраи Чанги якуми чахони Парагвай худро бетараф эълон кард. Зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Парагвай бар зидди зулми оли­гархия ва империализми хоричи харакати студентон ва коргарон авч гирифт.

Солхои 20 аввалин гуруххои коммунисти ташкил шуданд. Соли 1928 Партии Коммунистии Парагвай таъсис ёфт. Ракобати монополияи нефти Англия ва ШМА ба чанги Парагвай ва Боливия сабаб шуд. Дар давраи Чанги дуюми чахони дар Парагвай сохахои нави саноат ба вучуд омаданд, флоти тичорати ташкил шуд. Мохи феврали 1945 Парагвай ба Германия ва Япония чанг эълон кард. Дар солхои чанг ахволи мехнаткашон хеле бад шуд. Апрели 1944, январи 1945 дар Асунсон корпартоии умуми шуда гузашт. Дар шароити болоравии харакати демокра­ти дар чахон баъди Чанги дуюми чахони дар Парагвай баромадхои зиддихукумати ба амал омаданд. Июни 1945 дар кисмхои гарнизони пойтахт исён сар шуд, ки онро мехнаткашон, буржуазияи хурд, зиёиёни демократ дастгири карданд, сардори хукумат— генерал И. Мориннго аз исён ба харос афтода ба фаъолияти баъзе пар­тияхо ичозат дод, селзураро махдуд кард.

Дар миёнаи соли 1946 хукумати коалитсиони ташкил шуд, ки он озодихои гражданиро баркарор намуд. Январи 1947 Мориниго бо дастгирии «Колорадо» табаддулоти давлати кар­да, тамоми хокимиятро аз сари нав ба дасти худ дароварду ба мукобили демократхо террори хунин сар кард. Харакати нави эътироз сар шуда он ба шуриши ярокнок ва баъд баччан­ги граждални табдил ёфт. Апрели 1947 маллохон ва киштисозои шуриш бардошта мохи август Асунсонро ба халка гирифтанд. Хукумати Моринн­го бо ёрии харбии Аргентина ва ШМА куввахои демократиро ба хун огушта кард. Партияхои оппозидиони нобуд карда шуданд. Хазорон хазор душманони тартибот ба лагерхои консентратсиони партофта шу­данд, бисёрихо ба дигар давлатхо хичрат ё ба пинхонкори гузаштанд.

Мориниго барои нигох доштани хокимият муваффак шуд, аммо мухолифат дар рохбарияти «Колорадо» борхо ба саъю кушиши ба амал баровардани табаддулоти давлати сабаб шуд. Июни 1948 хукуматти Мо­риниго сарнагун шуд; дар 2 соли минбаъда дар мамлакат 4 хукумат иваз шуд. Сентябри 1949 яке аз рохбарони «Колорадо» — Ф. Чавес прези­дент интихоб гардид. Чавес бо даст­гирии Аргентина ва бо иштироки монополияхои Британияи Кабир куушиши аз тарафи «Колорадо» ва пар­тияи оппозитсиони ба амал баровардани табаддулоти давлатиро бархам дод. Чавес бо ШМА шартномахои харби-сиёси ва бо Аргентина шартномахои тичорати ва иктисоди баст. Май 1954 дар натичаи табадду­лоти харби, ки онро сафоратхонахои ШМА ва Бразилия дастгири намуданд, хукумати Чавес сарнагун гардид. Хокимиятро хунтаи харби бо сардории сарфармондехи куввахои мусаллах А. Стреснер ба даст даровард; мохи июн у президент шуд.

Стреснер дар мамлакат тартиботи диктатураи харби-политсиягиро чори кард. Фаъолияти партияхои оппозитсиони, нашри газета ва журналхои опиозитсиони манъ карда шу­данд. Куввахои пешкадами мамла­кат — коргарон, зиёиёни пешкадам, студентон, инчунин ахли дин бар зидди амалиёти зиддиконститутсиони ва империализми хоричи баромад карданд. Май — сентябри 1959 дар Асун­сон баромадхои зиддлхукуматии студентон руй дод. Ба муборизаи ярокноки зидди диктатура Фронти ягонаи озодии милли (1959 дар хо­рича барпо шуд) рохбари кард. Отрядхои Фронт дар мамлакат ба ама­лиёти партизани гузаштанд. Солхои 1961, 1964, 1967 корпартоихои калони оммави шуда гузашт.

Хукумат бо ёрии куввахои мусаллах хар як харакатро берахмона пахш кард. Дар зери фишори оппозитсияи дохили ва хоричи Стреснер аз май 1967 мачбуран ба фаъолияти партияхои Ли­берали — радикали, Либерали ва Револютсионии фебреристи ичозат дод. Стреснер ба монополияхои америкои имтиёзхои васеъ дод. Сарфи назар аз чазову фишорп хукумат (такрибан 1 млн нафар парагваихо хичрат кар­данд) халки Парагвай бар зидди диктатура муборизаи катъи мебарад. Феврали 1973 Стреснер аз конститутсияи соли 1967 кабул кардашуда истифода на­муда, 5-ум бор президент «интихоб» шуд. Доирахои хукмрон сиёсати реаксионии зиддихалкиро давом медоданд, дар мамлакат мисли пештара террор хукмрон буд.

Дар айни замон мукобилати куввахои демократи низ зуртар мегардид. Соли 1980 коргарони корхонахое, ки побанди капитали хоричи буданд, инчунин ронандагони автобусхо, коргарон — бинокорон, бофандагон, коркуноли сохаи тандурусти ва дигар корпартои карданд. Коммунистон хамаи куввахои зидди диктатураро барои ташкил намудани фронти васеи милли, хукумати муваккатии харби — граждании ягонагии демократи ва ватандусти даъват мекарданд. Августи 1980 дар пойтахти Аргентина Буэнос-Айрес Котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Па­рагвай А. Майдана ва яке аз рохбарони коргарон — бинокорони Параг­вай Э. Роа дуздида шуданд. Кисмати минбаъдан онхо то хол номаълум мебошад. Солхои 1981—1982 хам вазъият хеч тагйир наёфт. Дар мамлакат мис­ли пештара тартиботи диктатураи Харби — политсиягии Стреснер чорист.

Партияхои сиёси, иттифокхои касаба. Ассотсиатсияи миллии республикави (партияи «Коло­радо»). Таъсисаш 1887. Партияи хукмрон. Манфиатхои олигархияи помешики, буржуазияи компрадори, офитсерони олирутба ва кисми рухониёни иртичоиро химоя мекунад. Пар­тияи либералии Таъсисаш соли 1887. Партияи оппозитсиони, легали. Дар айни замон ба 5 фраксия (амалан партияхоо) чудо шудааст. П а р т и я и револютсионии фебрер исти. Таъсисаш 1936. Партияи легалии оппозитсионии сотсиал-демократи. Партияи х р и с т и а н и -демократи. Таъсисаш 1965. Партияи оппозитсиони. Харакати халкии «Колорадо». Таъсисаш 1959. Партияи оппозитсионии гайрилегали. П а р т и я и Коммунистии Па­рагвай (ПКП). Таъсисаш 1928. Дар вазъияти гайрилегали амал ме­кунад. Конфедератсияи м е х наткашони Парагвай. Таъ­сисаш 1951. Дар Парагвай боз чанд партияю иттифокхои касаба вучуд доранд.

Хочаги. Парагвай аз чихати иктисоди яке аз кафомондатарин давлатхои Аме­рикаи Лотини мебошад. Сохахои асосии хочагии он: чорводори ва чангалпарвари. Хамаги 2,1% территорияи барои кишт истифода мешавад. 59,6% территорияи мамлакатро беша пушидааст, 34% территория аз чарогох иборат аст. Барои хочагии кишлоки мамлакат заминдории калон хос аст. Помешикон, фирма ва ширкатхои хоричи мавкеи мустахкам доранд. Мамлакат побаиди капитали хоричист.

X о ч а г и и  к и ш л о к. Замин асосан дар дасти латифундистхо ва ширкатхои хоричи мебошад. Кариб нисфи дехконон замин надоранд ва онро бо нархи нихоят гарон ба ичора мегиранд. Сохаи асосии хочагии кишлок чорводории айлокист. Соли 1981 мам­лакат 6 млн сар гов, 27 хазор сар хару хачир, 375 хазор сар асп, 500 хазор гусфанд дошт. Талаботи ахоли ба махсулоти хуроквори конеъ гардонда намешавад. Чуворимакка. ма­ниок, инчуннн шоли, гандум, батат, лубиё кишт мешавад. Тамоку, чой, пахта, кахва, тунгро барои экспорт парвариш мекунанд. Токдори ва шаробпази таракки кардааст. Аз навъи дарахтони киматбахо чубу тахта тайёр мекунанд.

С а н о а т суст таракки кардааст. Корхонахо хурду камиктидоранд. Сохахои асосии саноат: корхонахои махсулоти гушт, чубу тахта, фабрикахои матои пахтагин ва пашмин, заводхои истехсоли махсулоти нефт ва семент, корхонахои истехсоли равгани тунг, иорчил, эфир, нушокихои спиртдор ва беспирт, фабрикахои тамоку, заводхои канд. Янчанд ГЭС дорад. ГЭС-и калонаш «Акарай» дар дарёи Акарай бунёд ёфта, соли 1969 ба кор даромадааст. Бо хамкории Бразилия дар дарёи Парана ГЗС-и «Салтос-де-Гу- айра» сохта шудааст. Наклиёти асо­си наклиёти оби мебошад. Бандари калонаш— Асунсон. Тули рохи охан 1,3 хазор км. Дарозии рохи мошингард 8 хазор км. (1981). Парагвай ба хорича гушт, чубу тахта, тамоку, равгани тунг ва

норчил, пахта, чой, кахва бароварда, аз хорича мошин ва тачхизот, воситахои наклиёт, хуроквори ва гайра меорад. Шарикони тичоратиаш: ШМА, Аргентина, РФГ, Британияи Кабир. Вохиди пул — гуарани.

Нигахдории тандурусти. Бино ба маълумоти ташкилоти умумичахонии нигахдории тандурусти соли 1971 ба 1 хазор нафар ахоли 32.3 таваллуд, 5,6 фавт рост меомад: фавти кудакони навзод аз хар хазор нафар 33,6 кас буд. Сабабхои асосии фавт: эн­терит ва дигар касалихои руда, касалихои дилу раг, ифлоси. Касали­хои инфексионии варача, грипп, сурхча, касалихои чимои, дарди сил, махав бештар пахн гардидаанд. Соли 1971 дар мамлакат 132 касалхонаи дорои 3,8 хазор кат (2,1 кат.ба 1 хазор нафар ахоли) буд; 1,3 хазор нафар духтур (1 духтур ба 1,6 хазор нафар ахо­ли), 383 духтури дандон, 818 фарма­севт ва кариб 1,5 хазор корманди дорои маълумоти миёнаи тиб кор мекард.

Маориф. Соли 1973 26% ахоли бесавод буд. Мактабхои ибтидои 3 хеланд: зинаи поёни (3-сола), миёна (5-сола) ва оли (6-сола). Соли тахсили 1970/71 дар мактабхои маълу­моти умуми 424,2 хазор талаба мехонд. Мактаби миёнаи маълумоти умуми аз ду зина (мухлати тахсил 3 сол) иборат аст. Мухлати тахсил дар мак­табхои касбхои техники аз 2 то 6 сол мебошад. Омузишгоххои педаго­гии 3-сола муаллимони мактабхои ибтидои, институтхои педагогии 2-сола муаллимони зинаи 1-уми мактабхои миёна таёёр мекунанд. Парагвай 2 университет до­рад: Университети миллии Асунсон (таъси­саш 1890) ва Университети католикии «Нуэстра Сенора де ла Асунсьон» (таъ­сисаш 1960). Соли тахсили 1972/73 дар университетхо 6,7 хазор студент мехонд. Китобхонаи милли, Музеи миллии санъати нафиса ва ёдгорихои кади­ма, Музеи табиатшиноси, таърих ва этнография дар пойтахт вокеанд.

Матбуот, радио, телевизион. Дар Парагвай 10 газетаи харруза мебарояд. Калонтарини онхо: «Патрия» («Раtria»), аз соли 1946; органи «Колорадо», «Паис» («Еl Pais»), аз 1923; «Трибуна» («La Tribuna»), аз 1925; «Аделанте* («Аdelante»), органи марказии Партияи Коммунистии Параг­вай, гайрилегали нашр мешавад. Газетахои хафтаина «Либертад» («La Libertad»), аз 1962, органи Партияи либерали; «Пузбло» («El Pueblo»), аз 1964, органи Партияи револютсионии фебреристи («франкисти»); «Энано» («Еl Enano»), органи Партияи либерали-радикали. Телевизион ва радио давлатианд. Парагвай 1 радиостансияи давлати — «Радио насионал» ва 16 радиостансияи хусуси дорад. Стансияи телевизиони «Телевисиои Серро- Кора» хусусист.

Адабиёт. Адабиёти Парагвай ба забонхои испани ва гуарани инкншоф меёбад. Дар давраи мустамлика будани Парагвай (аз ибтидои асри 16 то ибтидои асри 19) адабиёти хатти такрибан вучуд надошт. Асосгузори лирикаи ватандусти Н. М. Талавера (1839—1867) аввалин шоири романтик буд. Охири асри 19 нависандагони маърифатпарвар ба майдон омаданд. Дар ибтидои асри 20 гояхои маърифатпарвари мавкеи мухим ишгол не­муданд ва дар ин бобат фаъолияти ячодии шоирон X. Э. О’Лири, М. Ор­тис Герреро ва дигарон чолиби диккат аст. Шоир X. Корреа (1908—1954) ба драматургияи милли сахми арзанда гузошт. Солхои 20 асри 20 насри бадей инкишоф ёфт. Романи А. Роа Бастос «Фарзанди одам» (1960), ки аз кисмати халк хикоят мекунад, дар адабиёти Парагвай вокеаи мухимме гардад. Тартиботи диктатураи харби-политсияги нависандагони Парагвайро водор менамояд, ки дар хорича зиндаги кунанд.

Меъмори ва санъати тасвири. Дар байни кабилахои хиндиёне, ки дар территорияи Парагвай умр ба сар бурда, бо сайди мохи ва дехкони машгул буданд, аз кадимулайём санъати дар сафол ва либос партофтани гулу накшхои ранга маъмул буд. Дар давраи мустамлика будани Парагвай меъморон — зохидони католики даххо бошишгоххои кухандиздор бино карданд. Асрхои 17—18 бо услуби барокко ибодатхона ва калисохои сангин сохта шуданд. Шахрхои Парагвай бо шакли росткунча бино ёфта, одатан ду майдон (дар яке калисо, дар дигаре ратуша) дошт. Баъди ба даст овардани истиклолият шахрхои Парагвай аз нав сохта шуданд, бо услуби класситсизм ва Эхёи италияви касру бинохои чамъияти бино ёфтанд; сохтани бинохои истикоматии 2—3 кабатаи сангин бештар ахамият пайдо кард. То соли 1945 дар санъати меъмории Парогвай неок­ласситсизм хукмрон буд.

Баъди 1945 дар Парагвай бинохои замонави, саноати ва истикомати ба вучуд омаданд. Аввалин рассомони махалли (манзаракаш С. Риос, портреткаш А. Гарсиа) дар миёнаи асри 19 дар асархои худ хаёти халкиро инъикос карданд. Дар асри 20 хаёт ва таърихи халк дар эчодиёти рассом Алборно, хайкалтарош В. Поляроло инъикос ёфтааст. Турбофи, сохтани хар гуна хайкалчаю зарфхои гили, асбобхои устухониву чуби, гарданбандхои нукрагину мисин ва дигар касбу хунархои анъанавии халки таракки кардааст. Санъати худи хиндиён (химчабофи, кулоли, аз пари мург сохтани хар гуна ас­бобхои ороиш ва гайра) низ боки мондааст.

Мусики. Дар байни хиндиёни гуа­рани суруду раксхои дини, харби ва маросими аз даврахои кадим маъмул аст. Сурнаю накора, шакшака ва гайра асбобхои мусикии миллианд. Дар байни креолхо анъанахои мусикии Европа ривоч ёфтааст. Маданияти мусикии касби аз чоряки дуюми асри 19 ру ба таракки ниход. Охири асри 19— ибтидои асри 20 дар Парагвай аввалин муассисахо, чамъият ва ассотсиатсияхои мусики ташкил шуданд. Дар Асунс­он омузишгохи педагогии мусики ва чанд мактаби мусикии хусуси хаст.

Театр. Таърихи театри Парагвай асосан аз асри 16 огоз меёбад. Дар миёнахои асри 16 намоишхое ба сахна гузошта шуданд, ки мазмуни дини доштанд. Театри милли дар миёнахои асри 19 ру ба таракки ниход. Соли 1958 дар Асунсион аввалин бинои театр сохта шуд. Дар миёнахои асри 20 театри гуарани таракки кард. Тартиботи харби-политсиягие, ки холо дар мамлакат хукмфармост, ба равнаки санъати милли имкон намедихад.

Ад.: Гони оиский С. А., Очерки новейшей истории стран Латинской Аме­рики, М., 1964; Нито бург, Э. Л., Па­рагвай, М., 1964; Ромеро д.. Родники парагвайской поэзии, дар мачм. «Проб­лемы идеологии и национальной культу­ры стран Латинской Америки»», М., 1967.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …