Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗИ Кутбуддин Мухаммад ибни Мухаммади Тахтони

РОЗИ Кутбуддин Мухаммад ибни Мухаммади Тахтони

РОЗИ Кутбуддин Мухаммад ибни Мухаммади Тахтони (соли таваллудаш номаълум, Варомини Рай — 1364, Димишк), файласуф ва мантикшиноси форс-точик. Шархи хол ва фаъолияти илмии Рози пурра маълум нест. Аз сабаби дар хучраи кабати якуми Мадраса зиндаги карданаш уро Тахтони номидаанд. Рози аз устодонаш Азудуддини Ичи ва Алломаи Хулли фалсафа, мантик ва забони арабиро омухта, соли 1361 ба, Шом ва аз он чо ба Димишк меравад. Рози дар фалсафа пайрави Ибни Сино буда, таълимоти уро аз хамлаи душманони гояви мухофизат кардааст. Рози шорехи фалсафа низ буд. «Ал-Мухокимот байн-ул-Имом ва-н-Насир фи-шарх-ил-ишорот», «Лавомеъ-ул- асрор фи шархи «Матолеъ-ул-анвор», «Ар-рисолат-ут-тасаввурот ва-т-тас- дикот-ул-Кутбия» ва амсоли он асархои Рози мебошанд.
Дар асари аввал Рози ду шархи китоби Ибни Сино «Ишорот ва танбехот»-ро, ки аз назари машшоия (Насируддини Туси) ва калом (Фахруддини Рози) навишта шудаанд, тахлил кардааст. Асари дуюм шархи рисолаи файласуфи форс-точик Сирочуддин Абусано Ибни Абубакри Урмави (вафоташ 1283) мебошад. Аса¬ри сеюм казия, мафхум, мухокима, тасаввур, тасдик ва хадду расм ба¬рин масъалазои магтики асримиёнагиро дар бар мегирад.
M. Султонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.