Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РОКФЕЛЛЕРХО

РОКФЕЛЛЕРХО

РОКФЕЛЛЕРХО (Rockefeller), яке аз гуруххои калонтарини молиявию саноатии ИМА. Асоси иктидори Рокфеллерхо даромади нефт аст. Соли 1870 Чон Д. Рокфеллери калони (1839—1937) ширкати «Стандард ойл»-ро барпо намуд, ки он охири асри 19 тактир, коркард, фуруш ва махсулоти нефти) ИМА-ро монополия кард. Солхои 20 ин гурух дар байни хашт гурухи калонтарини ИМА баъди гурухи Моргануо чои 2-юмро гирифт. Пас аз Чанги дуюми чахон (1939—1945) Рокфеллерхо доираи нуфузи худро хеле васеъ карданд. Дар ибтидои солхои 70 маблаги мубодилоти гурух ба 124,6 млрд дол¬лар расид. Маркази империяи саноативу молиявии Рокфеллерхо мисли пештара монополияи «Стандард ойл компани» (Ню-Джерси), ки он соли 1972 «Эксон» ном гирифт, инчунин банки калони тичоратии «Чейз Манхаттан банк» мебошад. Банк аз чихати маблаги муомилоти дар байни 50 банки тичоратии ИМА чои 3-юмро ишгол мекунад. Гурухи Рокфеллерхо шабакаи серсохаи муассисахои кредитии молияви (банкхо, ширкатхои сугурта ва дигар муассисахои молияви) дорад. Рокфеллерхо ко¬ри банки тичоратии «Кемикал Ню Йорк корпорейшен» ва ду ширкати сугуртаи «Эквитейл лайф» ва «Метрополитен лайф»-фо низ назорат ме¬кунад. Сохти гурухи Рокфеллерхо дар натичаи инкишофи капитализми давлатию монополисти ва револютсияи илмию техники хеле тагйир ёфт. Рокфеллерхо на факат саноати нефт ва банкхо, инчунин ширкатхои сершумори мошинсози, электротехники ва саноати хуроквориро низ инхисор кардаанд. Вале асоси иктидори молиявии гурухи Рокфеллерхоро ширкати нефти «Эксов» ташкил медихад. Даромади солонаи он ба 1,5 млрд доллар мерасад. Гурухи Рокфеллерхо хамрохи дигар гуруххои молия¬вии ИМА кори як, катор иттиходияхои калонтарини Америка («Аме¬рикан телефон энд телеграф», «Интернэшонал бизнес машине», «Вестипгауз электрик», «Мак-Доннелл- Дуглас эркрафт») ва калонтарин банкхои инвеститсиони («Стоун энд Уэбстер» ва «Фёрст Бостон карпорейшен»)-ро назорат мекунад. Дар ибтидои солхои 70 ба ин гурух панч писари Чон Рокфеллери хурди рохбари мекарданд. Мувофики маълумоти америкоиён молу мулки шахсии оилаи Рокфеллерхо такрибан ба 4—10 млрд доллар мерасад. Роли маркази ташкилии капиталхои оилавиро ширкати «Рокфеллер бразерс инкорпорейтед» ичро мекунад, ки он соли 1946 ташкил ёфтааст. Манбаи даромади молиявию саноатии Рокфеллерхо дар тамоми нохияхои дунё мавчуд аст. Рокфеллерхо ба хаёти сиёсии ИМА ва пеш аз дама ба интихоби президент ва аъзоёни конгресс таъсири калон мерасонад.
Ад.: Фурсенко А., Династия Рок¬феллеров, М.,1970; Жуков Е. Ф., Страховые монополии в экономика США, М., 1971; Беглов И., США: собствен-ность и власть, М., 1971.

 

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …