Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ СОТСИАЛИСТИ

РЕВОЛЮТСИЯИ СОТСИАЛИСТИ

РЕВОЛЮТСИЯИ    СОТСИАЛИСТИ, Револютсияи    пролетари, навъи олии револютсияи ичтимоиест, ки дар натичаи он гузариш аз формасияи чамъиятию иктисодии капиталисти ба формасияи коммунисти [ба амал меояд. Вазифахои асосии Револютсияи сотсиалисти аз тарафи синфи коргар ба даст овардани хокимият, шикастани сохти кухнаи давлати, чори на-дудани моликияти чамъияти ба воситахои истехсолот, бунёди систе-маи идоракунии бошууронаи хаёти  иктисодию ичтимои, бархам додани : антагонизми синфи ва милли, нобуд сохтани истисмори одам аз тарафи  одам, инкишофи демократияи сотсиалисти ва револютсияи мадани мебошад. Револютсияи сотсиалисти  ба маънои том тамоми давраи гузаришро аз капитализм ба сотсиализм дарбар мегирад. Дар маънои чузъи ба дасти синфи коргар гузаштани хокимият, барпо намудани диктатураи онро ифода мекунад. Зиддияти байни характери чамъияти доштани истехсолот ва шакли хусусии капиталистии азхудкунии заминаи мустахками иктисодии Револютсияи сотсиалисти  мебошад.

r-kabiri-oktyabr

Барои вукуи Револютсияи сотсиалисти  дар баробари шароитхои объективи камолоти омилхои субъективи, яъне мубори-заи фаъол ва бошууронаи синфи коргар ва оммаи мехнаткаш барои сотсиализм, мавчуд будани партияи марксисти лозим аст. Револютсияи сотсиалисти  аз муборизаи синфии пролетариат ба вучуд меояд, ки вай кувваи асоси ва гегемони револютсия аст.

Иттифоки синфи коргар бо табакахои гайрипролетарии мехнаткашон шарти зарурии галабаи Револютсияи сотсиалисти  бошад. Холо дар мамлакатхои Осиё, Африка ва Америкаи Лотини (сари ахоли декконон мебошанд. дар ин мамлакатхо галабаи Револютсияи сотсиалисти  бе иттифоки синфи коргар ва дехконон имконнопазир аст. Дар мамлакатхои  мутараккии капиталисти бошад, бо  таъсири револютсияи илмию техники шумора ва таъсири интеллигенсияи илмию техники меафзояд. Иттифоки ахли мехнати чисмони ва фикри ба кувваи пурзури мубориза ба мукобили монополия табдил меёбад. Ба тарафи пролетариат чалб кардани табакахои миёнаи шахр хам ахамияти калон дорад. Синфи коргар, дехконон ва табакахои дигари чамъият ба нест кардани хокимияти ка-питал ва сохтани сотсиализм манфиатдор буда, базаи ичтимоиеро ташкил медиханд, ки аз он куввахои сиёсии Револютсияи сотсиалисти ташаккул меёбанд.

Шаклкои Револютсияи сотсиалисти  вобаста ба шароити конкретии таърихи, таносуби куввахои синфи дар мамлакатхои мухталиф тагйир меёбад. Револютсияи сотсиалисти  мумкин аст бо рохи осоишта ба амал ояд. Дар шароити галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, ки таносуби куввахо дар чахон ба фоидаи синфи коргар набуд, бо рохи осоишта галаба кардани Револютсияи сотсиалисти  амри мухол буд.

Баъди Чанги дуюми чахони (4939 —45) дар баъзе мамлакатхои Европа дар натичаи тагйир ёфтани вазъияти чахон инкишофи Револютсияи сотсиалисти  нисбатан хусусияти осоишта пайдо кард. Дар замони хозира дар як катор мамлакатхои капиталисти барои бо рохи осоишта галаба кардани Револютсияи сотсиалисти  имконият мавчуд аст. Тагйир ёфтани таносуби куввахо ба фоидаи синфи коргар ва сотсиализм, афзудани мубориза барои демократия, дигаргунихои умдаи зиддимонополисти чунин имкониятро фарохам овардааст. Партияхои марксистию ленинии ин мамлакатхо дар мубориза барои пеш гирифтани тадбирхои мазкур дар рохи ислохоти умдаи демократи, ки милли кардани сохахои асосии хочагии халк, банкхо, чори намудани назорати демократи, баплангирии иктисодиёт, иш-тироки коргарон дар идоракунии истехсолот, демократикунонии чаб-хахои мухталифи хаёти чамъиятиро дар бар мегирад, диккати чидди медиханд.

Револютсияи сотсиалисти  характери байналхалки дорад. Вай аз зиддиятхои ботинии империализм хамчун системаи чахони сар мезанад. Вале дар натичаи нобаробарии тараккиёти иктисодию сиёсии капитализм Револютсияи сотсиалисти  дар мамлакатхои мухталиф дар вактхои гуногун галаба мекунад.

Револютсияи сотсиалистии чахони тачассуми диалектикаи кул ва хос аст. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар баробари ба конунхои умуми доро буданаш хусусияти таърихии Россия ва замони худро ифода мекард. Револютсияхои халкию демократи дар як катор мамлакатхои Европа низ хусусияти худро доранд. Револютсияи сотсиалисти  дар Корея, Ветнам ва Куба низ дар шакли хос ба амал омадааст. Бо вучуди лн хама чихатхои хос револютсияхои мазкур мохияти ягона доранд, ки аз таъмин намудани гузариши чамъият аз капитализм ба сотсилизм иборат аст. Назарияи илмии Револютсияи сотсиалистиро Карл Маркс, Фридрих Энгелс тахия намуда, Владимир  Илич  Ленин онро эчодан инкишоф дод. Гояхои ленини минбаъд дар хуччатхои Интернатсионали Коммунисти инки-шоф дода шуданд. Дар замони хозира назарияи Револютсияи сотсиалисти  дар хуччатхои Мачлисхои машваратии партияхои коммунисти ва коргари, ПрограммаиКоммунистическая Партия Советского Союза КПСС, материал ва карорхои съеадхои партияхои марксисти-ленини ривоч меёбад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …