Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ МАДАНИ

РЕВОЛЮТСИЯИ МАДАНИ

РЕВОЛЮТСИЯИ МАДАНИ, кисми таркибии дигаргунихои сотсиалисти, табаддулоти кулли дар инкишофи маънавии чамъият. Максади револютсияи мадании сотсиалисти бунёди зинаи баланди маданият, бархурдор шудани оммаи мехнаткашон аз неъматхои маънави ва табдили онхо аз истеъмолкунандагон ба офарандагони сарватхои маънави мебошад. Револютсияи мадании сотсиалисти шароитеро мухайё месозад, ки дар он хар фарди чамъият аз неъматхои маънави бе хеч мамониат истифода бурда метавонад.

Асосгузорони марксизм зарурати дигаргуисозихои маданиро хануз дар «Манифести Партияи Коммунисти» таъкид карда буданд. Онхо нишон доданд, ки револютсия бояд на танхо хаёти иктисодию сиёси, балки хаёти маънавии синфи инкилобиро низ дигаргун сохта, онро аз хар гуна фасоду унсурхои иртичоии замони гузашта тоза кунад.

Владимир Илич Ленин таълимотро дар бораи револютсияи мадании сотсиалисти хамчун давраи зарурии «инкишофи чамъият» кор карда баромада, ин мафхумро дар маколаи «Дар бораи ко-операсия» аввалин бор истифода намудааст. Баъд аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Владимир Илич Ленин фикри асосгу-зорони марксизмро инкишоф дода, бар хилофи акидахои оппортунистию чапгари программаи азими дигаргунсозихои маданиро пешниход намуд. Револютсияи мадании сотсиалисти дар Союз Советских Социалистических Республик СССР бо тагйиру дигаргунсозии куллии хаёти ичтимои, сиёси ва иктисоди алокаманд буда, бо рохбарии Партияи коммунисти амали гардид.

Вазифаи мухиме, ки револютсияи мадании сотсиалисти ба миён гузошт, пеш аз хама, аз он иборат буд, ки оммаро бо назарияи марксистию-ленини мусаллах сохта, чахонбинии коммунистиро асоси рафтору кирдори мехнаткашон карор дихад, хисси оштинопазириро нисбат ба бокимондахои иртичоии чамъияти гузашта, акидахои буржуази, оппортунисти, ревизионисти тарбия намояд. Револютсияи мадани тамоми муассисахои маданиро ба воситахои таъсирбахши таргиб ва интишори маданияти навп сотсиалисти ва идеологияи марксисти-ленини табдил дода, анъанаю хислатхои иртичоии маданияти кухнаро дур партофта, чихатхои пешкадами онро инкишоф дод. Ба чои конуниятхои инкишофи маданияти гузашта конуниятхои наверо ба вучуд овард, ки маданияти сотсиалисти ва коммунисти дар асоси ин конуниятхо равнак ёфта, системаи сотсиалистии маорифи халк, маълумоти умуми, ташаккули интеллигенсияи сотсиалисти, адабиёту санъати сотсиалисти, нашъунамои илм, ташаккули шахсияти одами совети, ахлоки коммунисти, чахонбинии атеистию маишии сотсиалистии мехнатка-шонро дарбар мегирад. Револютсияи мадани дар Союз Советских Социалистических Республик СССР боиси дар як муддати кутохи таърихи инкишоф ёфтани хамаи унсурхон он гардид.

r-kabiri-oktyabr

Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР револютсияи мадани аз махви бесаводи, ташкили мактабу маориф ва бунёди муассисахои мадани огоз ёфт. Дар Точикистон ин душворихо дучанд буданд. Як чихати мухими револютсияи мадани дар Точикистон ин буд, ки инкишофи маданияти сотсиалистии точик бо халли масъалахои ташаккули миллати точик вобастаги дошт. Ба шарофати Револютсияи Октябр маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалисти ташаккул ёфт. Дар Точикистон шаклхои гуногуни муассисахои маданию-маърифати, ки ба шароити республика мувофик буданд, инчунин санъати театрии кино, адабиёти сотсиалистии точик ба вучуд омаданд. Дар республика, ки дарачаи саводнокии ахоли хеле паст буд, муассисахои маданию маърифати, мактабхои олию миёна, нашриёти китобу матбуоти давраги таъсис ёфтанд. Махз дар натичаи ривочи маданияти сотсиалисти хамаи он сарвати маънавие, ки халки точик дар гузашта ба вучуд оварда буд, дастраси омма гардид. Комёбию инкишофи маданият дар Точикистон танхо ба шарофати ёрии бародаронаи хамаи халкхои совети, пеш аз хама халки рус тахти рохбарии хирадмандонаи Коммунистическая Партия Советского Союза муяссар гардид.

Ин ёри ва дастгири омили мухими инкишофи хаёти сотсиалисти ва маданияти халкхои совети мебошад. Маданияти сотсиалистии точик, чун маданияти тамоми халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР, дар асоси принсипхои интернатсионализми пролетари таракки мекунад ва ифодакунандаи махсусиятхои тарзи хаёти сотсиалисти мебошад.

Тачрибаи револютсияи мадани дар Союз Советских Социалистических Республик СССР, аз чумла дар Точикистон, ахамияти мухими байналхалки дошта, барои у сохтмони мадани дар дигар кишвархо, хусусан кишвархои ру ба тараккии Осиё, Африка ва Америка ойнаи ибрат мешавад.

Дар натичаи галабаи револютсияи мадани хаёти маънавии синфи коргар ва дехконони колхози дигар шуд. Дарачаи маълумот, чахонбини, маишати онхо хеле баланд гашт. Дар мамлакати совети фарки шахру кишлок, мехнати фикрию чисмони тадричан кам шуда, заминахои аз байн рафтави ин фарк фарохам омаданд. Револютсияи мадани ба мархалаи нави тараккиёти худ, ки хоси сотсиализми мутаракки аст, дохил гардида, бинои мухташами маданияти коммунистиро ба вучуд меорад.

Адабиёт: М а р к с Карл. ва Энгельс Фридрих, Манифести Партияи Коммунисти, Карл Маркс ва Фридрих Энгелс. Асархо, чилди 1, Душанбе , 1963; Л енин Владимир Илич, Дар бораи револютсияи мо, Асархо, чилди 33; Хамон муаллиф, Дар бораи кооперасия, Асархо, чилди 35; Культурная революция в Союз Советских Социалистических Республик СССР (19(17—65), Москва., 1967; Ш у к у р о в М. Р., История культурной жизни Советского Таджикистана (1917— 41 годов.), Душанбе, 1970; Арнольдов А. Н., Культура развитого социализма, Москва, 1975.            С. Ахмадов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …