Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ИСПАНИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ ИСПАНИЯ

202346624

РЕВОЛЮТСИЯИ ИСПАНИЯ (1931-39), револютсияе, ки дар рафти он дар Испания республикаи демократии типи нав ташкил шуда, баъзе чихатхои асоситарини демократияи халкиро дар худ тачассум мекард. Чихатхои хоси Револютсияи Испаия ба андозае ба аломатхои хоси инкишофи таърихи мамлакат вобаста буданд. Зиддияти байни заминдорону доирахои молияви ва норизоии халки испан дар арафаи револютсия асоси муборизаи сиёсиро ташкил мекард. Бухрони иктисодие, ки дар миёнаи солхои 30 Испанияро фаро гирифт, зиддиятхоя ичтимоию сиёсиро дар мамлакат тезу тунд кард. Дар Испания корпартоихои сиёси, балвохои дехконон авч гирифтанд. Дар натича апрели 1931 мутлакият сарнагун шуда, оилаи шох ба хорича фирор кард. Испания республика эълон шуд. Ху-кумати муваккати ташкил ёфт, хокимиятро буржуазияи майда ба даст гирифт. 9 декабри 1931 конститутсияи республикави кабул гардида, калисо аз давлат чудо карда шуда, мулкхои он мусодира гардид. Соли 1932 дар бораи ислохоти замии конуни нимкорае кабул гардид. Аммо кисми асосии дехконон бе замин монд. Шуришхои дехконон катъ нагардиданд. Соли 1933 бухрони сиёси сар зада, партияи республикачиёи ба гуруххои хурд чудо гардид, парламент пароканда шуд ва дар интихобот куввахои иртичои бештар овоз гирифтанд. Хукумати нав бо сардории Леррус тартиботи демократиро бархам додани шуд. Оммаи мехнаткашон ба химояи республика бархост. Октябри 1934 дар Астурия, Каталония, Мадрид ва дигар шахрхо шуриши зиддифашистии пролетариат сар зад. Декабри 1935 хукумати иртичои ба фишори оммаи халк тоб оварда натавониста ба истеъфо баромад. Янаври 1936 куввахои зиддифашисти бо рохбарии Партияи коммунисти Фронти халки ташкил карданд. Дар интихо-боти 16 феврали Фронти халки галаба кард. Хукумати республикави ташкил ёфта, Испания боз рохи демократии тараккиётро пеш гирифт. Ин вазъият империализми байналхалкиро ба ташвиш гузошт. Июли 1936 доираи иртичоии мамлакат ба фашистони Германия ва Италия такя намуда, исён бардошт. Дар Барселона ва Мадрид исён зуд пахш карда шуд. Италия ва Германия бо бахонаи ёри ба исёнгарон тачовузи ошкоро сар карданд. Италия 150 хазор солдат, киштихои зериоби, бисёр самолёт, Германия техникаи навтарини харби, хазорон офисеронро ба Испания фиристоданд. Штатхои Муттахидаи Америка ба саркардаи иртичоиюни Испания Франко сузишвори, мошинхои боркаш фурухт. Англия ва Франсия сиёсати «бетарафи»-ро пеш гирифта ба шикастхурии республикаи Испания мусоидат намуданд. Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар куввахои демократии тамоми чахон ба республикаи Испания дасти ёри дароз карданд, бисёр фидоиён дар бригадахои интернатсионали дар як саф бо испанихо ба мукобили фашистон чангиданд. Халки испан дар шароити вазнин аз 17 июли 1936 то 1 апрели 1939 мардонавор чангид, вале бар тачовузкорони бо техникаи харбии замонави мусаллах галаба карда натавонист. Марти 1939 дар Испания генерал Франко ба сари Хокимият омад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …