РЕСПУБЛИКАИ ВАНУАТУ, давлатест дар галачазирахои кисми Чануб Гарби укёнуси Ором. Масохаташ 14,8 хазор километр. Ахо-лиаш 123 хазор нафар. (1982). Асосан меланезихо. Маркази маъмури — Вила (чазираи Эфате). Забонхои расми — англиси ва франсави.
Дар галачазираи; Гебриди Нав (дар кисми Чануб Гарби укёнуси Ором) мустамликадорони Британияи Кабир ва Франсия аз соли 1906 якчоя хукмрони мекарданд. Мустамликадори дар ин давлати нав проблемахои мураккаби дохилиро боки гузошт. Дар арафаи ба даст овардани истиклолият (соли 1980 ба даст омад) бо талаби хукумати конунии Гебриди Нав ба Эспириту-Санто кушунхои Англия ва Франсия дароварда шуданд. Xочагии кишлок асоси иктисодиёти мамлакат мебошад. Норчил, кахва ва какао парвариш мекунанд. Мохидори таракки кардааст. Дар чазираи Эфате маъдани манган истихроч карда мешавад. Чавзи хинди, мохии яхин ва кахва экспорт менамояд.
Хукумати Совети Республикаи Вануатуро ба расмият шинохт ва изхор намуд, ки тайёр аст бо вай муносибатхои дипломати мукаррар кунад.