РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ КРИМ, муассисаи тадкикоти илмии АФ СССР. Соли 1908 чун шуъбаи чануби Расадхонаи Пулково таъсис ёфтааст. Он вакт астрографи 12-см дошт, ки бо ёрии он сайёрагони хурдро дармеёфтанд ва харакати онхоро меомухтанд. Баъд аз Револютсияи Октябр расадхона ру ба таракки ниход. Соли 1925 дар расадхона рефлектори 102-см гузоштанд ва тавассути он спектри ситорагонро меомухтанд. Аз 1932 дар бобати умури Офтоб низ тадкикот мебарад. Баъд аз Кримро забт кардани фашистони истилогар бинои расадхона вайрон ва афзораш несту нобуд шуд. Соли 1945 дар бораи дар махалли Симеиз аз нав баркарор кардан ва сохтани бинохои нави он карор кабул карда шуд. Баъд аз баркарор гардидан чун муассисаи мустакили илми ба кор даромад. Афзори астрономиаш: рефлектори 2,6 м акад. Г. А. Шайн (калонтарин дар Европа), рефлектори 122-см, 64-см, телескопи менискии диаметри оинааш 50-см, астрографи дукаратаи 40-см. Дар расадхонаи кухнаи назди Симеиз рефлектори 70-см гузошта шудааст. Дар карибии он шуъбаи Расадхонаи астрофизикии Крим мавчуд аст, ки радиотелескопи 22-м дорад. Чанбахои асосии тадкикот: омухтани просессхои физики дар атмосфераи Офтобу ситорагон, туманоти галактики ва системахои ситораги. Дар сохаи атмосфераи берунигалактики ва радиоастрономия, нурхои кайхони низ тадкикот мебарад.