Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАНАДЕ Махадев Говинд

РАНАДЕ Махадев Говинд

ranade

РАНАДЕ Махадев Говинд (18. 1. 1842, Нифад, Махароштра —17. 1. 1901), ходими чамъияти ва сиёсии Хиндустон, иктисодчи. Аз оилаи барахмани доро. Университети Бамбайро хатм намудааст. Солхои 1885—1893 аъзои Шурои конунбарори президенти Бамбай буд. Яке аз рохбарони ташкилоти буржуазию миллатчии Хиндустон дар Махароштра, баъдтар Конгресси миллии Хиндустон. Дар харакати миллии Хиндустон тарафдори чараёни муътадили бур­жуазию либералии он буд. Дар асархояш горатгарихои дар Хиндустон кардаи мустамликадоронро фош намудааст. Ранаде барои тараккиёти саноати калону банки милли мубориза бурда, аз хукуматдорони Англия талаб мекард, ки ба корхонахои Хиндустон ёри расонанд. Ранаде хамчун та­рафдори протексионизми давлати танзим ва назорати давлатиро омили халкунандаи модернизатсияи иктисодиёти Хиндустон мехисобид. Программаи аграрии Ранаде ба пуркувватшавии мулки хусуси, ташкили синфи хоким аз хисоби помешикон ва дехконон мусоидат мекард. У ба ташаккули идеологияи буржуазияи миллии Хиндустон таъсири калон расонд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.