РАМЗКУШОИ кашфи хат, равшан кардани маънои аломатхои хати забони матрук, ё хати мачхули ягон забони зинда; фахмида тавонистани сохти забоне, ки осори он бо ин хат навишта шудааст; дарк кардани принсипхои хат, алифбо ва системаи фонетики, сохти грамматики ва лексикии забон аз руи хати мачхул. Агар микдори аломатхои хати мачхули ёфташуда бисёру гуногунмазмун бошад, кашфи хат осон аст. Дар ин маврид мошинхои хисоббарории электрони ёри мерасонанд. Агар хачми матни ба даст омада кам бошад, кашфи он хат ба душвори муяссар мешавад. Масалан, хати руи лаълии гирдаки оханине, ки дар чазираи Крит ёфт шуда буд ва ба асри 17 тааллук дошт, то хол хонда нашудааст. То ёфт шудани матнхои нав хондани ин хат хеле душвор аст. Дар кашфи хат матнхои монанде, ки ба дигар забонхои маълум навишта шудаанд, ахамияти калон доранд. Аз чумла ба Ж. Шамполон, ки соли 1822 бори аввал хати Мисри Кадимро кашф карда буд, матни ба он монанди забони юнони ёри расонид. Кашфи хат барои равшан кардани сахифахои номаълуми таъриху маданияти халкхои олам хеле зарур аст. Масалан, соли 1802 аз тарафи Г. Гротефенд дар Эрони Гарби кашф шудани хати мехии кухи Бесутун дар таърихи Эрон ва дигар мамлакатхои Шарки Наздик ва Осиёи Миёна (асри 6 то мелод) сахифаи тозае кушод. Хамчунин аз кашфи унсурхои идеографии хати форсии миёна (К. Г. Залеман) ва хатхои сугди (А. А. Фрейман) бисёр масъалахои таъриху маданияти халкхои эрони равшан гардид. Дар натичаи кашфиёти археологи ва кашфи лингвистии хатхо як силсила забонхои матрук, таърих ва маданияти нотакрори кадим маълум шуд (масалан, маданияти кадимтарини Шумер, маданият ва таърихи Мисри Кадим, забону маданияти майа дар Америкаи Маркази ва гайра). Олимон хангоми кашфи хат асосан бо хатхои идеографи (иероглифе), хичои ва фонетики кордор мешаванд. Аммо бисёр хатхои (нашкхои) пиктографи хастанд (махсусан дар Америка ва Осиё, масалаг, петроглифхои Помир, Полинезия), ки фахмидани мазмуни онхо душвор мебошад. Бисёрии ин накшхо (хатхои пиктографи) аз таърихи хеле кадими халкхо маълумот медиханд.
Ад.: Лоукотка Ч. Развитие письма, М., 1950; Тайны древпих письмен. Проблемы дешифровки, М., 1975.
В. Капранов.