РАХМИИ КОБУЛИ (соли таваллуд номаълум, Кобул — вафот. 1547, хамон чо), шоири форс-точик. Дар чавони барои тахсил ба Самарканд омад ва дар хамин чо ба кори эчоди шуруъ намуд. Табъи шоирии Рахмии Кобули то дарачае баланд будааст, ки душманонаш аз рашку хасад ба у захр додаанд. Поёни умрашро дар Кобул гузаронидааст. Аз эчодиёти Рахмии Кобули байтхои пароканда ва чанде газалхо тавассути тазкираву баёзхо боки мондаанд. Шеърхои у равон ва пуробаранг мебошанд.