РАХИМИ (тахаллус; номаш Мирзо Абдуррахими Хони Хонон; 1556, Лохур—1622, хамон чо), шоири форсизабони Хиндустон. Писа- ри шоир ва арбоби давлати Байрамхон. Дар чорсолаги аз падар ятим монд. Акбаршох Рахимиро барои кадрдонии хидматхои падараш ба зери химоя гирифта, таълиму тарбияашро ба ухдаи Мухаммадамини Андичони вогузошт. Рахими дар омузиши илму адаб ва конуну коидаи сипохигари махорати хуб дошт; хануз дар айёми чавони аз тарафи Акбар ба унвони Мирзохони сазовор гаштааст. Дар синни 28-солаги Рахими барои дар яке аз чангхои зидди мухолифони Акбар корнамои карданаш ба мансаби панчхазори расида, сохиби унвони Хони Хонон шуд. Рахими забонхои хинди, точики (форси), санскрит, араби ва туркиро хуб медонист ва ба хамаи ин забонхо шеър мегуфт. Ашъори шоистаро аз як забон ба забони дигар бадехатаи ва наку тарчума мекард. «Бобурнома»-и Захируддини Бобурро аз туркии чигатои ба забони точики тарчума кардааст. Шеърхои точикиаш асосан аз газалу рубои иборатанд. Дар газалу рубоиёти Рахими махсусан таъсири Саъди ва Хайём хис мешавад. Макоми Рахими дар инкишофу такмили услуби нав дар адабиёти точикзабони даврахои минбаъдаи Хиндустон баланд аст. Услуби у аз тарафи шоирони намоёни асри 17 Хиндустон давом дода шуд. Рахими хамчун хомии ахли илму адаб шухрат дорад. Дар дарбори у бисёр адибон, муаррихон, хаттотон, рассомон ва олимони сохибистеъдод гирд омада буданд ва у онхоро аэ чихати модди ва маънави дастгири мекард. Рахими сохиби китобхонаи калоне буд. У дар баъзе шахрхои Хиндустону Покистон як катор бинохои бохашамат сохта, расми коштани харбузаро дар ин кишвархо чори кард.
Адабиёт: Алиев Г. Ю.. Персояаычная литература Индии., Москва, 1968.