Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАДИОЛЯРИЯХО

РАДИОЛЯРИЯХО

radiolyariho

РАДИОЛЯРИЯХО (Radiolaria), шуоъгихо, як зерсинфи соддатаринхоро гуянд, ки ба синфи саркодовихо мансубанд. Зиёда аз 7 хазор намудашон маълум аст. Радиолярияхо организмхои планктони мебошанд. Андозаашон аа 40 мкм то 1 мм; шаклхои калоннашон то якчанд см мешаванд. Дар беруни танашон псевдоподияхои нихоят борики риштамонанд мавчуданд, ки онхо вазифаи харакат кардан ва доштани гизоро адо мекунанд. Скелети дарунии Радиолярияхо  аз капсулаи чилддори маркази иборат аст. Скелети беруниашон минерали буда, асосан аз оксиди силитсий (IV) ё сулфати строн­тсий таркиб ёфтааст. Радиолярияхо бо рохи чинси ва гайричинси меафзоянд. Дар ядрои бисёрии онхо микдори кислотаи дезоксирибонуклеат (КДИ) хеле зиёд буда, он босуръат афзудани онхоро таъмии менамояд. Радиолярияхо асосан дар бахрхои иклимашон муътадил пахн шудаанд. Бокимондахои Радиолярияхо аз замонхои токембрий маълуманд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …