Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЧОИ Сайфуддин Махмуди Исфахони

РАЧОИ Сайфуддин Махмуди Исфахони

РАЧОИ Сайфуддин  Махмуди Исфахони (соли таваллуд номаълум — вафот 1555), шоири форс-точик. Рачои илмхои маъмули замонашро ба хуби азхуд карда буд. Дар тазкирахо шавку хаваси беандозааш ба хисобу хандаса (математика) кайд гардидааст. Рачои дар дарбори хукмрони давраш котиби расми буда, муомилоти девони; (канселяри)-ро ба хуби анчом медод.

Рачои аз авлодоии Камолуддини Исмоили Исфахони буда, яке аз шоирони маъруфи замонаш ба шумор  мерафт. Соммирзои Сафави дар бораи Рачои чунин менависад: «… чуй  такрироташ дар вачхи маъкули ва адои калимоташ дар нихояти ширини ва макбули, ман уро хушлахча гуфтаам». Дар навъхои гуногуни ; шеър (касида, газал, рубои ва гайра)  асархо офаридааст. Дар хачву мутойиба махорати калон доштааст.  Аз микдори ашъор ва ё девони Рачои тазкиранависон  хеч гуна иттилое надодаанд. Рубоии зерин аз эчодиёти  Рачои аст, ки дар «Тухфаи Соми» оварда шудааст:

Он гул, ки дили ахли вафоро хун кард,

Хун кард чунон ки кас надонад чун кард.

Сарпапча ба хуни ошикон гулгун кард,

Чун шохи гуле, ки гунчахо берун кард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.