Публий Овидий Назон (Publius Ovidius Naso) (43 то милод— такрибан 18), шоири рими. Шеъри хасбихоли ва асосан, ишки менавишт. Овидий дар достонхои аввалинаш «Илми ишк» ва «Давои ишк» дар муносибатхои ишки ба хонанда ,насихат дода, манзарахои хаёти Римро тасвир кардааст. Достони «Масх» («Метаморфозахо») 250 ривояти асотири ва фолклориро доир ба мубаддал шудани имсон ба хайвонот, рустани, ситорахо, санг ва гайра дар бар мегирад.
Солхои охири хаёташ «Марсияхои гамангез» ва «Номахои Понти»-ро офарид. Охири соли 8 за тарафи Август ба шахри Томи (холо бандари Констанса дар Руминия) бадарга шуда, хамон чо даргузашт. Дар бадарга у жанри нави назми Рим — марсияи хасбихолиро, ки ба мавзуи ишк робита надошт, ба миёи овард. Александр Сергеевич Пушкин ба Овидий ва эчодиёти у хусни таваччухи махсус зохир кардааст (шеъри «Ба Овидий», достони «Лулихо»).
Основание: Любовные элегии, Москва, 1963: Элегии и малые поэмы, Москва, 1973.