Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Патриарх

Патриарх

Патриарх Кирилл

Патриарх, (юнони patriarches, аз pater — падар ва arch о — идора ме- кунам), унвони олии сарварони калисои мустакили масехии православи дар як катор мамлакатхо. Патриарх дар давраи ташаккули сохти феодали дар натичаи ба шарки (православи) ва гарби (католики) таксим шудани калисои масехи пайдо шудааст. Дар Россия Патриарх соли 1589 таъ­сис шуд. То ин давр сарвари кали­сои рус митрополит буд.

Бо розигии калисохои шарки (православи) ба сарвари калисои рус унвони патри­арх доданд, ки у баъди патриархои шаркии Константинопол, Искандария, Антиохия ва Байтулмукаддасхои 5-умро ишгол кард. Патриархро анчумани иерарххо аз хисоби номзадхои таъинкардаи шох интихоб менамуд. Хокимияти Патриарх хусусан дар давраи Никон, ки мехост мустакил шуда худро ба мутлакият мукобил гузорад, хеле пурзур шуд. Пётри I бар зидди мустакилияти калисо баромада, баъди вафоти Андриан соли 1721 унвони Патриархро бекор кард. Патриарх солхои 1917—18 аз нав таъсис ва Ти­хон (Белавин) патриарх интихоб гардид. Холо патриархи калисои пра­вославия рус Пимен (аз соли 1971) мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.