Пастии назди каспий, пастиест, ки дар сохили шимолии бахри Каспий (кисми чануби шаркии хамвории Европаи Шарки ё Рус) ва Казокистони Гарби вокеъ гаштааст. Дар Fарб бо баландихои Ставропол, Ергепи ва поёноби дарёи Волга, дар Шимол бо Сирти Умуми, дар Шимоли Шарк ва Шарк бо пуштакухи Урали Пеш ва дар Чануби Шарк бо партгохи пуштакухи Устюрт ва нимчазира Манкишлок хамхудуд аст. Масохати пасти такрибан 200 хазор килоиетр3. Баландиаш то 149 метр, кисми чанубии он аз сатхи укёнус 28 метр паст. Кисми гарбии пастиро дарёбоди Болтаю Охтуба бурида мегузарад.
Делтаи дарёхои Волга, Терек, Сулак, поёноби Уралу Эмба низ дар пасти вокеъ гаштаанд. Пастии Назди Каспий асосан дар пастхамии чукури тектоники вокеъ гардида, дар давраи антропоген борхо зери оби бахр мондааст. Тахнишастхои кисми шимолиаш аз гил, гили регдор, чанубиаш аз регсанг иборатанд. Чо-чо баландихо (кишлоки Богдан Калон, Богдан Хурд ва гайра), халхо, сойхо ва дар делтаи дарёи Волга «дунгихои бэри» вокеъ гаштаанд.
Иклими Пасти хушк, континенти. Харорати миёнаи январ дар Шимол—14°Селсия, дар сохили бахри Каспий —8°Селсия, июл дар Шимол 22°Селсия, дар Чануб 24°Селсия. Боришоти солона дар кисми чануби шарки 200—250 миллиметр, дар шимоли гарби 350 миллиметр. Ландшафти Пасти— биёбони ва нимбиёбони. Чарогоххо бисёранд. Дар дарёбоди Волгаю Охтуба парвариши зироати полизи, инчунин богдорию сабзавоткори ривоч ёфтааст. Аз сарватхои зеризамини нефту газ ва дар кулхои Элтону Бескунчок намаки oш хаст.