Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Пастхами

Пастхами

Пастхами, чукурии руи заминро гуянд, ки атрофаш тамоман ё кисман бастааст. Бараш одатан ба даххо, садхо ва баъзан хазорхо килоиетр мерасад (масалан, Пастхамихои Тарим, Сарикамиш, Фаргона ва гайра). Пастхами бештар дар натичаи харакатхои тектоники пайдо мешавад. Одатан каъри Пастхамихои тектоники аз чинсхои терригению вулконогени таркиб ёфтаанд. Дар чойхои камхаракати кишри Замин (дар платформахо) Пастхамихо гирда, изометри, дар чойхои серхаракат (геосинклиналхо, кишвархои кухи) дарозруя мешаванд.

Просессхое, ки дар мантияи болоии Замин руй медиханд, боиси ба вучуд омадани Пастхамихои тектоники мегарданд. Каъри укёнусхо низ Пастхами дорад (масалан, Пастхамии Мариана — 11022 метр ва Пастхамии Тонга — 10882 метр дар укёнуси Ором). Пастхамихои денудасиони ба пиряхи, золи, эрозиони, гравитасиони, карсти, суффозиони ва термокарсти чудо меша­ванд. ‘Пастхамихои пайдоишашон вулконию тектоники навъи махсуси Пастхами мебошанд. Пастхамиро баъзан хамчун муродифи истилоххои хами, депрессия, фу­рухамидаи тектоники истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …