Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Сурия

Партияи Коммунистии Сурия

Партияи Коммунистии Сурия (ПКС), соли 1924 таъсис ёфтааст. Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Сурия ПКС соли 1930 барпо гардид. То соли 1958 (ба истиснои солхои 1944—48) Партияи Коммунистии Сурия ПКС ташкилоти ягонаи коммунистони Сурия ва Лубнон буд. Солхои 1948—58 Партияи Коммунистии Сурия ва Лубнон ном дошт. Партияи Коммунистии Сурия ПКС дар муборизаи зидди мустамликадории Франсия, барои истиклолияти миллии мамлакат иштирок мекард. Барои фаъолияти ватандустонаи худ борхо дучори таъкибот гардидааст.

Партияи Коммунистии Сурия ПКС сиёсати берунии зид-диимпериалисти ва дигаргунсозихои прогрессивиеро, ки Партияи сотсиалистии тачаддуди араб (ПСТА, соли 1963 ба сари хокимият омад) ба амал мебаровард, дастгири карда, хамрохи ин партия ва дигар ташкилотхои зиддиимпериалисти ба Фронти миллии прогрессиви (ФМП, 1972 ташкил ёфт) дохил гардид. Ду нафар намояндаи Партияи Коммунистии Сурия ПКС ба хайати хукумат дохиланд. Соли 1974 Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Сурия ПКС барпо гардид. Съезд рохи инкишоф додани хамкории байни Партияи Коммунистии Сурия ПКС ва ПОТА, мустахкам намудани Фронти миллии прогрессиви ФМП-ро маъкул ёфта, ба принсипхои марксизм-ленинизм ва интернатсионализми пролетари содик будани Партияи Коммунистии Сурия ПКС-ро кайд карда, рохи чудоиандозии рохбарони Хитойро махкум намуд.

Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Сурия ПКС — X. Багдош Чонишини Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Сурия ПКС — Ю. Файсал. Партияи Коммунистии Сурия ПКС газетаи «Нидал-уш-шааб»-ро нашр мекунад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.