Маълумоти охирин

Пантомима

Пантомима (аз юн. pantomimos — таклид), навъи санъати театрист, ки дар он харакати бадан, имову ишора ва мимикаи хунарпеша во­ситаи асосии офаридани образи ба­деи аст. Дар Европа Пантомима аз театри Юнон ва Рими Кадим ибтидо мегирад. Пантомимаое низ вучуд дорад, ки он якчоя бо мусики, суруд ва деклама­тсия ичро мегардад. Ин навъи Пантомима дар мамлакатхои Осиё, аз чумла дар Хиндустон, Индонезия.

Хитой ва Япония, маъмул аст. Пантомима асрхои 16— 18 дар театри «комедия дел арте»-и Италия макоми махсус пайдо кард. Асри 19 Пантомимаро хамчун жанри мустакили театри Ч. Грималди (Британияи Кабир) ва офарандаи никоби машхури Перо — Ж. Дебюро (Франсия) ривоч доданд. Санъати Пантомима ба ду гу­рух чудо мешавад. Яке «мим» ном дошта, дар он танхо як хунарпеша иштирок мекунад. Ин навъ Пантлмима аз ибтидои асри 20 то рузхои мо хело ривоч ёфтааст (санъати актёрони франсави Ж. Л. Барро ва М. Марсо). Дар навъи дуюми Пантомима шахсони бисёр иштирок мекушанд. Дар Иттифоки Совети хар ду навъи Пантомима равнак дорад.

Дар репертуари масхарабозони точик низ пеш санъати Пантомима мавкеи калон дошт. Хусусан дар асри 19 ва аввали асри 20 ин санъат инкишоф ёфт.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …