Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пандномаи Бузургмехр

Пандномаи Бузургмехр

«Пандномаи Бузургмехр», асари адабиёти пахлави, ки аз пандхои вазири машхури Сосониён Бузургмехр фарохам омадааст. Саволхои шохи сосони Анушервон ва чавобхои Бузургмехр композитсияи асарро ташкил додаанд. Дар саволу чавобхо аз хусуси бартарии хирад ва илму дониш, некию накукори, тарзи дурусти давлатдори ва боз як катор масъалахои мухимми хаёт ва зиндаги басо шавкангез сухан меравад.

«Пандномаи Бузургмехр» на танхо бо мазмуни ба­ланди худ, балки бо услуби акиб ва мухтасарбаёниаш низ чолиби дидкат аст. Махсусан посуххои Бузург­мехр ва андешахои у бо суханони пурмагзу хакимона нигориш ёфтаанд. «Пандномаи Бузургмехр»-ро Фирдавси дар «Шох­нома» ба назм даровардааст.

Матни пахлавии «Пандномаи. Бузургмехр»-ро якчоя бо тарчумаи англнсии он ва «Пандномаи Зардушт» соли 1885 дастур Бахромчи Сантана (яке аз порсиёни Хинд) бо унвони умумии «Ганчи шойгон»  нашр кардааст. «Пандномаи Бузургмехр» ба забони имрузаи форси низ тарчума ва нашр шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …