Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРУС Болеслав

ПРУС Болеслав

prus-boleslaw

ПРУС (Prus) Болеслав (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Александр Гловатск и й; 20.8.1847, Хрубешув, наздикии Люблин—19. 5. 1912, Варшава), нависандаи поляк. Солхои 1866—1868 дар факултети физика ва математикаи Мак­таби олии Варшава тахсил намудааст. Асархояш аз соли 1872 чоп шу­даанд. Дар газетахои Варшава хамкори намудааст (1874—1903); солхои 1882—1883 мухаррири журнали «Новины» («Nowiny») буд. Хикояхои аввалинаш хусусияти хачви доштанд, ва­ле аз миёнахои солхои 70 бештар ба масъалахои мухимми ичтимои дахл кардааст («Каср ва кулба» ва гайра). Солхои 80 якчанд новелла эчод на­муд («Михалко», «Анелка», хар ду—1880; «Антек», 1881). Барои бачагон низ асархо навиштааст («Кисмати ятимон», 1876). Муаллифи повестхои «Мавчи баргашта» (1880), «Пешоханг» (1885). Прус офарандаи навъи нави романи ичтимоии пси­хологи мебошад («Лухтак», 1887—1889). Дар романи «Занхои озодгашта» (1891—93) манзарахои зиндагии мардуми Варшава ва нохияхои атрофи он тасвир ёфтаанд. Романи «Фиръавн» (1895—1896) дар мавзуи таърихи эчод шудааст. Дар романи «Бачахо» (1908) Прус ба мавзуи Револютсия 1905—1907 мурочиат намуд, вале ахамияту мохияти онро дуруст дарк накардааст. Романи нотамоми Прус— «Дигаргунихо» (1911), ки дар он образи студенти сотсиалисти рус офарида шудааст, аз таваччухи у ба акидахои пешкадами замонаш шаходат медихад. Асархои Прус ба бисёр забонхои европои тарчума шудаанд.

IОс.: Сочинения, т. 1—7, М., 1961—63.

Ад.: Ц ы б е н к о Е. 3.. Болеслав Прус, дар кит.: История польской литературы, т. 1, М., 1968.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.