ПРОСЕССИ БАРГАРДАНДА дар термодинамика, просесси аз як холат ба холати дигар гузаштани системаи термодинамикиро гуянд, ки зимни он система силсилаи холатхои мобайниро бо тартиби акс аз cap гузаронда, ба холати аввала баргашта метавонад. Барои ин просесс бояд ба дарачае суст гузарад, ки онро хамчун катори муттасили холатхои мувозин муоина кардан мумкин гардад, яъне ин просесс нисбат ба просессхои баркароршавии мувозинати термодинамики дар системаи мазкур бояд сусттар чори шавад. Аслан барои Просесси баргарданда нихоят суст тагйир ёфтани параметрхои термодинамикие хос аст, ки мувозинати системаро муайян мекунанд (зичи, фишор, харорат ва гайра). Ин просессхоро квазистатисти ё квазимувозинати хам меноманд.
Просесси баргарданда яке аз мафхуми асосии термодинамикаи макроскопии мувозини мебошад. Махз зимни термодинамикаи макроскопии мувозини конунхои якум ва дуюми термодинамика барои Просесси баргарданда ифода меёбанд.
Просессхои табии бо ягон суръати муайян ва хамроха бо пароканиши энергия (ба сабаби соиш, гармигузарони ва гайра) чори мешаванд, бинобар он онхо просессхои барнагардандаанд. Просесси баргарданда як навъ тасвири идеалии чунин просессхои сусти табиат мебошад, ки хангоми тавсифашон ходисахои барнагардандаро ба эътибор нагирифтан мумкин аст. Назарияи микроскопии Просесси баргардандаро дар физикаи статисти меомузанд.
Ад.: Ландау Л. Д., Л и ф ш и ц Е. М., Статистическая физика, ч. 1, М., 1976.