Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОПАГАНДА

ПРОПАГАНДА

ПРОПАГАНДА (лотини propaganda — мавриди интишор кароргирифта, аз propago — интишор менамоям), интишори акида ва гояхои сиёси, фалсафи, илми, бадеи ва гайра, ки ба такомули шуури чамъияти ва баланд бардоштани фаъолияти амалии омма нигаронида шудаанд. Унсурхои асосии просесси Пропаганда субъекти Пропаганда (гурухи ичтимоие, ки Пропаганда манфиати он­ро ифода мекунад), мазмун, шакл, метод, воситаю усулхои он (радио, телевизион, нашриёт, системаи лексиони ва гайра) ва объекти Пропаганда (ауди­тория ё умумияти ичтимоие, ки Пропаганда ба онхо дахл дорад) мебошад. Дар маънои нисбатан махдуд Пропаганда як навъя тартибота сиёси ё идеологиро (яъне ба максади ташаккули чахонбини ва тасаввуроти муайяни омма интишори акида, гоя ва назарияро) ифода мекунад. Чавхари Пропагандаи сиё­си идеологияи муайяни синфист. Дар чахони имруза ду навъи Пропагандаи ба хам мухолиф — буржуази ва коммунисти вучуд дорад.

Мухаккикони буржуази аксар вобастагии Пропагандаро ба хусусияти идеологияи синфā инкор менамояид. Синфхои хукмрони чамъинти истисмори Пропагандаро воситаи ифодаи манфиати гурухи худ дониста, ба воситаи он манфиатхои синфии худ­ро хамчун манфиати умумиашон медиханд ва асли вокеаро тахриф намуда ба оммаи васеъ гояю на­зария ва ахбороти бардуруг медиханд.

Ба Пропагандаи буржуази Пропагандаи коммунисти мукобил меистад, ки нуктахои асосии онро К. Маркс ва Ф. Эн­гелс асоснок карда, ба хаёт татбик намуда буданд. Нуктахои мазкур дар асархои В. И. Ленин, алалхусус «Дустони халк» чист ва онхо ба мукобили сотсиал-демократхо чи гуна мечанганд?», «Программам мо», «Чи бояд кард?», «Дар бораи муносибати партияи коргари ба дин», «Касалии бачагонаи «чаправи» дар коммунизм» ва гайра эчодкорона инкишоф ёфтаанд.

Пропагандаи коммунисти сис­темаи илман асоснокшудан фаъолияти маънавии эчодкардаи Пар­тияи коммунисти мебошад. Пар­тияи коммунисти дар просесси Пропаганда идеология ва сиёсати марксисти-лениниро бо максади маърифатноки, тарбия ва ташкили омма интишор менамояд. Принсипхои асосии Пропагандаи коммунисти аз илми будан, роби­таи канданашаванда бо хаёт, ягонагии кори пропагандистию ташкили иборат мебошанд. Вазифахои ичтимоии Пропагандаи коммунистиро робитаи тарбияи коммунисти бо синфи коргар ва хамаи мехнаткашон, пайвастани сотсиализми илми, фаъолияти гоявию назарии партия бохаракати коргари ва фаъолияти дигаргунсозию револютсонии омма, муттахид ва ташкили алокаи мустахками отрядхои миллии харакатхои коргари, коммунисти ва демократи, дар замони сотсиализм бошад, сафарбар на­мудани фаъолияти револютсонии ха­маи синфхо, миллатхо ва гуруххои ичтимоии чамъият, координатсияи амалиёти онхо, мубодилаи тачриба ва ахборот (малака) оид ба масъалаю натичахои мубориза, ифодаи афкори чамъиятии синфи коргар, мехнаткашон ва манфиату талаботи онхо, фош намудани фиребу найранги Пропагандаи буржуазию ревизионисти, интишори хакикат дар бораи чамъияти сотсиалисти ташкил медиханд.

Ташкилотчии Пропагандаи коммунисти Партияи коммунисти, давлати со­тсиалисти ва ташкилотхои чамъиятии мехнаткашон мебошанд. Пропагандаи коммунисти яке аз воситахои рохбарии партия ба просесси муборизаи револютсиони, дигаргунсозихои сотсиалистию коммунисти мебошад.

Пропагандаи коммунисти ба баланд бардоштани фаъолии оммаи мехнаткашон ва хар як шахс равона шуда, онхоро ба сохтмони амалин сотсиализм ва коммунизм чалб ме­намояд. Пропаганда чун просесси интишори гояхои сотсиализми илми дар байни омма ду фазаи нисбатан мустакил ва вобаста бо он ду шакли фаъолият дорад: Пропаганда ва агитатсия. Дар ин холат мафхуми «Пропаганда» ба маънои интишори гоя ва донишхои назари, ки мазмуни асосии идеологияро ифода мекунанд, истифода мешавад. Агитатсия бошад, баёни бештар маъмули яке аз гояхост, ки ба­рои харакати хозира зарур аст. Пропагандаи коммунисти хамон вакт самаранок шуда метавонад, ки афкори чамъияти, рухияи омма ва тагйири доимии онхоро ба инобат гирад. Ташаккули чахонбинии марксисти- лелинии мехнаткашон, сифатхои баланди гоявию сиёси, нормахои ахлоки коммунисти, таъминнамудани иштироки бошууронаю эчодии хар як шахс дар просесси дигаргунсозии сотсиалистию коммунистии чамъият вазифаи асосии Пропагандаи коммунисти аст (ниг. низ Маорифи парти­ви). Дарачаи татбики ин максад меъёри самаранокии Пропагандаи коммунис­ти ва фаъолии ичтимоии омма мебошад.

Ад.: Ленин В. И., Чи бояд кард?, Ас., ч. 5; Материалхои съезди 26 КПСС, Д.,           1981; Материалкои Плену ми КМ КПСС 14—15 июни соли 1983, Д., 1983; Дар бораи минбаъд хам бехтар карда- ни кори идеологи ва сиёсию тарбиявй, Д., 1979; Вопросы теории и практики партийной пропаганды, М., 1971; Вопро­сы теории и методов идеологической ра­боты, в. 1—2, М., 1972—73; Шерко- в и н Ю. А., Психологические проблемы массовых информационных процессов, М., 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.