ПРОМОТОРХО (аз лотини promoveo — пеш мебарам), фаъолонандахо, моддахое, ки хангоми ба катализатор илова кардан фаъолияти онро метезонанд. Худи Промоторхо он кадар фаъол набуда, бо микдори кам ба катализатор илова мешаванд. Аксар вакт як модда дар як шароит промотору дар шароити дигар захри катализатор шуда метавонад. Оксидхои металлхои ишкори, алюминий, калций, калий ва гайра аз чумлаи Промоторхо мебошанд.