Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОКТОЛОГИЯ

ПРОКТОЛОГИЯ

proktology

ПРОКТОЛОГИЯ (аз юнони proktos— сурохии акиб ва …логия), кисмати тибби клиникиест, ки беморихои рудаи гафс (аз чумла рудаи рост) — носур, иллати сурохии акиб, баво­сир, проктит, колити чарохати, грануламатози ва катаралим рудаи гафс, кабзият ва гайраро меомузад. Беморихои проктологиро чаррохон, терапевтхо (гастроэнтерологхо) ва инфексионистхо табобат мекунанд. Оид ба беморихои проктологи дар асархои бисёр духтурони кадим ва асохои миёна, ба монанди Букрот, Селс, Ибни-Спно ва дигарон маълумотхои зиёде гирд оварда шудааст. Нахустии китобхои махсуси сохаи Проктология дар нимаи дуюми асри 19 нашр шуданд. Аввалин муассисаи тиббии махсус барои муоличаи беморихои проктологи соли 1835 дар Лондон (гос­питали хазрати Марк) сохта шуд. Дар Россия беморихои проктологиро дар шуъбахои боморхонахои калон ва клиникахои чаррохии умуми муолича мекарданд. Дар инкишофи Проктологияи ватани корхои олимони рус С. П. Федоров, В. Р. Брайсев ва дигарон роли калон бозиданд. Дар солхои Хокимияти Совети мактабхои калони илми — марказхои асосии тайёр кардани Проктологияхо ташкил карда шуд. Дар назди баъзе институтхои такмили ихтисоси духтурон низ курсхои Проктология мавчуданд. Дар СССР лабораторияи тадкикоти илмии проктологии Москва ва клиникаи Вазорати нигахдории тандурустии РСФСР (аз соли 1965) муассисахои асоси ва муоличавии проблемахои Проктология ба шумор мераванд. Материалхои тадкикоти илми оид ба масъалахои Проктология дар журналхои «Хирургия» (аз соли 1925), «Вестник хирургии им. И. И. Гре­кова» (аз соли 1885) ва гайра нашр мешаванд. Проктологхои мамлакатхоп гуногунро Академияи байналхалкии Проктология (аз соли 1949 соле як маротиба конг­ресс мегузаронад) ва Чамъияти байналхалкии омузиши беморихои рудаи гафс ва рост (аз соли 1964 дар 2 сол як маротиба конгресс мегузаронад) муттахид мекунад.

Ад.: Аминев А. М. Руководство по проктологии, т. 1—3, Куйбышев, 1965—73.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …