ПРОЕКСИЯ (лотини projсere — пеш партофтан), тасвири хамворест, ки дар натичаи проектирони хосил мешавад. Проектиронидани маркази, параллели ва ортогонали (росткунчаги) мавчуданд. Дар проектиронии маркази хамвории проексияхо Н ва маркази проексияхо S дода мешавад. Барои сохтани проексияи ягон шакли геометри (масалан, секунчаи АВС, ) аз маркази проексияхо S ва куллахои секунча А, В ва С шуоъхо гузаронда, нуктахои буриши онхо ва хамвории проексияхо (А1, В1, С1 )-ро муайян карда, онхоро бо хам мепайванданд. Секунчаи АВС— асли предмет, секунчаи А1 В1 С1— проексияи маркази, хатхои рости SA, SB, SC — шуоъхои проексиякунанда ва хамворихои секунчахои SAB, SAC, SBC — хамворихои проексиякунанда ном доранд.
Дар проектиронии параллели замвории проексияхо Н ва самти проектирони S дода мешаванд. Дар ин маврид барои сохтани проексияи ягон шакли геометри (масалан, секунчаи АВС) шуоъхои проексиякунандаро аз куллахои секунча А, В ва С ба самти проектирони S параллел карда гузарондан лозим аст. Проексияи параллели дар яавбати худ вобаста ба самти шуоъхои проексиякунанда нисбат ба хамвории проексияхо ба проексияи параллелии качкунча ва проексияи параллелии росткунча чудо мешавад.