Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРИНСИПИ ПАУЛИ

ПРИНСИПИ ПАУЛИ

ПРИНСИПИ ПАУЛИ, яке аз мухимтарин принсипхои механикаи квантист. Таърифаш: ду (ё беш) зарраи айнан якхелае, ки спини нимбутун доранду ба таркиби як системаи физики дохил мешаванд, дар як вакт дар хамон як холати кванти буда наметавонанд. Принсипи Паулиро соли 1925 В. Па­ули зимни тавсифи квантии электронхо пешниход карда буд. Сонитар онро барои тавсифи хама гуна заррахо (заррахои элементари, ядрохо, атомхо, молекулахо)-и спинашон нимбутун (ба истилох фермионхо) истифода мебурдаги шуданд. Принсипи Паули дар назарияи атом махсусан мухим аст; вай бо кадом тартиб пур шудани кабатхои электрони ва аз ин ру, хусусиятхои химиявии атомро муайян мекунад. Принсипи Паули бо конуниятхои статисти сахт алокаманд аст. Системахои заррахое, ки барои онхо Принсипи Паули чоиз аст, бо статистикаи Ферми-Дирак шарх дода мешаванд (бар хилофи статистикаи Бозе-Эйнштейн, ки системаи заррахои спинашон бутун, масалан, фотонхоро тавсиф менамояд). Принсипи Паули дар назарияи ядро, назарияи реаксияхои ядрои ва реаксияхои байни заррахои элементари низ мавкеи намоён дорад.

А. Шукуров.

p-pauli

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …