ПОРТИХО, халкиятест, ки дар хазораи 1 то мелод ва асрхои аввали милод, чанубу шарктар аз бахри Каспий, дар территорияи Туркманистони Чануби ва Хуросон (вилояти кадими Партава- Порт) икомат дошт. Бо яке аз забонхои эрони гап зада, асосан бо дехкони машгул буданд. Иншооти обёрии Порт хануз дар хазораи 1 то мелод маълум буд. Портихо ба хайати шодии Мод. баъдтар дар ахди Куруши II ба давлати Хахоманишиён дохил шуда, ба он андоз медоданд ва кушунро бо чанговарон таъмин мекарданд. Дар ахди Дорои I дар Порт ва Гиркания (Гургон) шуриш cap зад (мухорибахои 8 март ва 12 июли 521), ки онро кушуни Хахоманишиён бо душвори пахш кард.
Солхои 20 асри 4 то мелод Портихоро Искандари Макдуни ба худ тобеъ намуд. Соли 281 то мелод Портихо ба тасарруфи империяи Селевкиён гузаштанд. Такрибан соли 250 то мелод давлати мустакили Порт ба вучуд омада, асоси онро худуди ишголкардаи Портихо ташкил медод. Дини асосии Портихо зардушти буда, Митра ва Наиаро низ мепарастиданд.
Хати порти дар заминаи алифбои ороми ба вучуд омад. Аз ёдгорихои адабиёти дахри танхо нусхахои чоиз боки мондаанд. Охири асри 6 чои забони портиро форси гирифт.
Ачдоди Портихои кадим дар ташаккули туркманхои Осиёи Миёна ва форсхои Хуросон (Эрони Шарки) роли калон бозидаанд.
Ад.: Массон D. М., Древнеземледельческая культура Маргиаиы, М.—Л., 1959 (МИА. 73).