Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОПОВИЧ Павел Романович

ПОПОВИЧ Павел Романович

popovich-p-r

ПОПОВИЧ Павел Романович (таваллудаш 5. 10. 1930, посёлкаи Узили вилояти Ки­ев), лётчик-кайхоннаварди СССР, генерал-майори авиатсия (1976), ду карат Кахрамони Иттифоки Совет» (1962,1974). Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1951 техникуми индустриалии Магнитогорск ва дар як вакт ароклубро хатм намуд. Соли 1954 Омузишгохи харбии авиатсиониро хатм намуда, ба сифати лётчики харби хизмат кар­дааст. Аз соли 1960 дар гурухи кайхоннавардон. Соли 1968 Академики харбии хавоии инженерии ба номи Н. Е. Жуковскийро хатм кард. Бори аввал 12—15 августи 1962 дар киштии кайхонии «Восток-4» ба кайхон пар­воз намуд. Дар рафти ин парвоз нахустин бор байни экипажхои ду киштии кайхонии «Восток-4» ва «Восток-3» (км А. Г. Николаев идора мекард) радиоалока баркарор карда шуд. Попович 3—19 июли 1974 ба сифати командири киштии кайхонии «Союз- 14» (бо Ю. П. Артюхин) бори дуюм ба кайхон парвоз кард. 5 июли 1974 киштии «Союз-14» бо стансияи илмии «Салют-3» васл шуд. Парвози якчояи комплекси кайхонии «Са­лют-3» — «Союз-14» 15 шаборуз давом кард. Дар вакти ин парвоз кайхоннавардон Попович ва Артюхин программаи васси экспериментхои илмию техники ва тиббиву биологиро анчом доданд. Попович инчунин унвони Кахрамони Мехнати РСВ-ро мушарраф гардидааст. Бо 2 орденн Ленин, ордени Ситораи Сурх, Медали тиллои ба номи К. Э. Сиолковскии АФ СССР ва бо дигар ордену медалхои мамлакатхои хорича мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.