ПОНТРЯГИН Лев Семёнович (таваллудаш 3. 9. 1908, Москва), математики совети, акад. АФ СССР (1958; аъзо- корр. 1939), Кахрамони Мехнати бино шуд. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1929). Аз соли 1939 мудири шуъбаи Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стеклов, профессори Университети Давлатии Москва (1935). Дар топология конуни умумии таснияро кашф намуда, дар зимни он назарияи характерхои гуруххои бефосиларо бунёд кард; дар сохаи вазарияи гомотопия як силсила тадкикотро анчом дод, ки натичахояш дар илм бо номи «синфхои Понтрягин» маъруфанд. Понтрягин муаллифи назарияи математикии просессхои оптимали мебошад, ки мансуб ба назарияи идора аст. Дар назарияи бозихои дифференсиали низ натичахои барчаста ба даст овард. Хиссаи илмии Понтрягин махсусан дар инкишофи назарияи идоракуни ва хисоби вариатсиони хеле калон аст. Понтрягин аъзои фахрии Чамъияти математикхои Лондон (1953), Академияи байналхалкии «Астронавтика» (1966), аъзои фахрии АФ РХВ (1972) мебошад. Солхои 1970—1974 чоиб-президенти Иттифоки байналхалкии математикхо буд: Лауреат Мукофоти давлатии СССР (1941), Мукофоти ленини (1962). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалхо мукофотонида шудааст.