Маълумоти охирин

ПОМИР

ПОМИР (аз по ва Мехр, пойгахи Мехр, яъне тулуъгохи Офтоб), кишвари баландкухест дар Осиёи Миёна, дар кисми чанубу шаркии РСС Точикистон (асосан территорияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон). Дар  ин чо баландтарин каторкуххо ва бузургтарин пиряххои мамлакат чо гирифтаанд. Масъалаи сархади табиии Помир бахснок аст. Аксари тадкикотчиён он территорияеро, ки аз Шимол бо каторкухи Паси Олой, аз Шарк бо каторкухи Сарикул, аз Чануб бо кули Зоркул, дарёи Помир ва болооби дарёи Панч, аз Гарб бо кисми меридиании водии Папч ихота шудааст, Помир меноманд; ба Помир инчунин дар Шимолу Гарб кисмхои шаркии каторкуххои Пётри Якум ва Дарвозро нисбат медиханд. Баъзе тадкикотчиён (Марко Поло, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев) танхо кисми шаркии территорияи номбурдаро Помир мешуморанд. Аз руи гуфтаи олимони дигар (Н. А. Гвоздетский, Р. Д. Забиров ва дигарон) канори шаркии Помир дар худуди Хитой ва гарбиаш дар Афгонистон вокеъ гаштаанд. Дар худуди СССР Помир аз Шимол ба Чануб такрибан ба 275 км ва аз Гарб ба Шарк ба 250 км кашол ёфтааст.

pamir

Релефи Помирро каторкуххое ташкил медихаид, ки ба самтхои арзи ва наздик ба меридиани тул кашидаанд. Каторкуххои самташон арзб бо структурахои калони чиндор (антикли- порияхо) мувофикат менамоягд, каторкуххои меридиани бошанд, дар руи куххои асоси ба кундаланги комат афрохтаанд. Баландии тегаи каторкухи арзии Паси Олой (дар Шимол) ба хисоби миёна 6000 м, нуктаи баландтаринаш куллаи Ленин (7134 м) аст. Чанубтар аз каторкухи Ласи Олой якчанд каторкуххои меридиани вокеъ гаштаанд (аз Гарб ба Шарк): Академияи Фанхо, Зулумарт ва каторкухи Сарикул, ки он хавзаи дарёхои Аму ва Таримро аз хам чудо мекунад. Куллаи Коммунизм (7495 м, дар каторкухи Академияи Фанхо) нуктаи баландтарини СССР ба шумор меравад. Каторкуххои арзии Пётри Якум (к. Москва, 6785 м), Дарвоз (к. Арпавад, 6083 м), Ванч (к. Язгуломи Баланд, 5584 м), Язгулом (к. Револютмия, 6974 м), ки нисбат ба якдигар мутавози чойгир шудаанд, дар Шарк то каторкухи Академияи Фанхо рафта мерасанд. Дар шарктари каторкухи Язгулом, дар кисми марказии Помир, каторкухи арзии Музкул (к. Офитсерони Совети, 6233 м.) вокеъ гаштааст. Дар чанубтари он каторкухе кашол ёфтааст, ки кисми гарбиаш Рушон ва шаркиаш Аличури Шимоли ё Бозордара номдорад. Аз он чанубтар каторкуххои арзии Шугнон (к. Шахи, 5704 м) ва Аличури Чануби (к. Кизилтонги, 5706 м) тул кашидаанд. Канорхои чанубу гарби ва чанубии Помирро каторкуххои Ишкошим (к. Маяковский, 6096 м), Шахдара (к. К. Марке, 6726 м) ва Вахои (к-хои Барфин, 6504 м ва Солсбери, 5679 м) ишгол кардаанд. Помирро аз чихати хусусиятхои релеф ба Помири Ш а р к и ва Помири Г а р б и чудо мекунанд. Худуди байни онхоро ба таври шарти аз тегаи каторкухи меридиании Зулумарт, агбаи Октош (байни дарёхои Пшарти Гарби ва Шарки), кисми мобайнии каторкухи Аличури Шимоли (Бозордара), канори гарбии Яшилкул ва резишгохи дарёи Матс (шохоби рости дарёи Помир) мегузаронанд.

Релефи Помири Ш а р к и р о асосан куххои баландиашон миёна ва водию хамихои фароху хамвор ташкил медиханд, ки тахкурсии онхо дар натичаи харакатхои навтарини тектоники бардошта шудааст. Дар мавриди 4000—6000 м будани баландии мутлак баландии гисби, одатан, аз 1000—1500 м зиёд намешавад. Тархи аксари куху каторкуххои ин чо теппамонанд буда, онхоро водию хамихои фароху хамвор аз хам чудо кардаанд. Баландии водию хамихо аз сатхи бахр 3700—4200 м, каъри онхоро чинсхои селовард ва моренахо пур кардаанд. Баъзе каторкуххо (Музкул ва гайра) дар кисми тегаи худ релефи типи баландкухи доранд.

Иклими Помир баландкухии нихоят континенти, тобистонаш салкин, зимистонаш кахратун. Азбаски Помир дар минтакаи субтропикии Осиёи Маркази вокеъ гаштааст, дар ин чо зимистон массаи хавои арзхои муътадил ва тобистон арзхои тропики бештар дохил мешавад. Дар Помири Шарки (дар баландии 3600 м) харорати миёнаи январ—17,841. Зимистони кахратун аз авваши октябр то охири апрел давом мекунад. Харорати расттарин дар Мургоб—47°С, Булункул — 63°С. Тобистон кутохи салкин. Харорати миёнаи июл дар водии Мургоб 13,5°С. Дар пастхами (Карокул) ва водихо (Оксу ва гайра) яхбандии доими хукмфармост. Дар водихои Помири Гарби (дар баландии 2100 м) харорати миёнаи январ— 7,4°С, июл 22,5°С. Давраи нашв (рузхои харорати аз 5°С зиёд) дар Хоруг 223 руз ва дар Мургоб 140 руз. Микдори боришоти солона дар водихои Помири Гарби 90— 260 мм, дар Помири Шарки 80—100 мм. Дар баландкух ва нишебии куххо боришот торафт меафзояд. Масалан, дар пиряхи Федченко ба 1200 мм мерасад. Давраи сербориш дар Шарку Гарби — моххои март — апрел, дар Помири Шарки — июн — август

Яхбанди. Масохати яхбандихои хозираи Помир—7500 км2. Марказхои калонтарини яхбанди — каторкуххои Академияи Фанхо, Паси Олой, Рушон ва Аличури Шимоли, Язгулом, Пётри Якум, Дарвоз, Зулумарт. Хатти барф дар кисми шимолу гарби аз баландии 4000—4400 м, дар кисмхои маркази ва шарки аз баландии 5000—5500 м мегузарад. Дар Помир хамаги кариб 3000 пирях хаст. Аксари пиряххои Помири Шимоли Гарби дар водихо чойгир шудаанд. Калонтарини онхо — Федченко (тулаш 71 км), Грумм-Гржимайло (36,7 км), Гармо (27,5 км), Сугрон (24 км), Чамъияти географи (21,5 км), Фортамбек (20 км) ва гайра мебошаед. Пиряхи Савукдараи Калон (25 км)_аэ чумлаи калонтарин пиряххои каторкухи Паси Олой ба шумор меравад. Баъзе пиряххо (Хирсон дар саргахи дарёи

Ванч, Ленин дар каторкухи Паси Олой ва гайра) хар сари чанд вакт бо суръати дар як шабонаруз то 100 м ба якчанд км ру ба поён, ба суи водихо харакат мекунанд. Аксари пиряххои начандон калони Помирии Шарки дар водихо, нишебии куххо ва каррхо вокеъ гаштаанд.

Дарёхо ва кулхо. Дарёхои Помир асосан ба хавзаи дарёи Аму мансубанд. Дарёи калонтаринаш—Панч. (Шохобхои рости он — Гунд якчоя бо

Шахдара), Бартанг (болообаш Оксу ва миёнобаш Мургоб ном доранд), Язгулом, Ванч. Дарёхои Карочилга, Музкул ва гайра ба хавзаи дохилии Помир ва дарёи Маркансу ба хавзаи Тарим тааллук доранд. Манбаи дарёхо — пиряху барф. Давраи нуробии онхо — тобистон. Карокул калонтарин кули шури бастаест, ки дар пастхамии тектоники вокеъ гаштааст. Кулхои нисбатан хурд: Зоркул,

Яшилкул ва Сарез дар натичаи бо кухпорахо банд шудани водии дарёхо ба вучуд омадаанд.

Хелхои асоситарини ландшафт. Табиати Помир ба табиати Осиёи Маркази монандии умуми дорад. Дар ин чо мавчуд будани минтакахои баланди, тафовути байни релефи Помири Шарки ва Шимолу Гарби, инчунин аз Шимолу Гарб ба Шарк ва Чанубу Шарк якбора кам шудани микдори боришот ва торафт афзудани дарачаи континентии иклим боиси гуногунии ландшафти Помир гардидаанд. Aз чумла, ба Помири Шар­ки ландшафти махсус — биёбони баландкухи хос буда, сабабаш баландии мутлаки бехад зиёд, иклими хунуки кариб арктики ва микдори ками боришот аст. Дар ин чо дарахт тамоман намеруяд. Дар хамворихои хушки хамию водихо ва нишебии  куххо нимбуттачахои терескен, аян, акантолимон, аз алафхои бисёрсола шибог, астрагал, пиёзи кухи меруянд. Водихои сернамро маргзорони пур аз алафхои хушадор, геша ва явшон фаро гирифтаанд, ки ин чойхо чарогоххои бехтарини Помир ба шумор мераванд. Фаунаи Помири Шарки камбагал аст. Хайвоноти ба 6 худ хоси ин чо: ар­хар, нахчир, сугур, савсор, гург, шерпаланг (ирбис) ва гайра; паррандахояш: кабки хилол, укоб, саччаи тибети, зог, суфитургай, лошахур ва гайра. Помири Гарби назар ба Помири Шарки гармтар ва каме сербориштар буда, растанихо дар он чо хубтар нашъунамо меёбанд. Вале дар кисмхои поёнии водихои кухии ин чо низ биёбонхои баландкухи явшону саксавулдор вокеъ гаштаанд. Аз 3200 м боло биёбонхои явшондор ва акантолимонхои болиштакмонанд, болотар аз 3600 м китъахои биёбонхои типчоку шибогдор вомехуранд. Дар баландихои аз 3800 то 4300 м растапихои биёбонии субалпи ва болотар аз 4200—4300 м растанихои сираки субнивали меруянд. Сар то сари Помири Гарбй, дар чойхои пасти сохил дарахтони бед, сафедор, тус ва буттахо кад кашидаанд. Дар заминхои обшор (конусхои селовард ва суфахои дарёи) дарахтони мевадори зардолу, себ, муруд, чормагз, тут ва гайра бисёр бу­да, дар майдонхои нисбатан хамвор (то баландии 3300 м) чав, гандум, нахуд ва сабзавот кошта мешавад. Дар куххои Помири гарби нахчир, хирс, шерпаланг, ирбис, савсор, заргуш, аз паррандахо заргилдок, кабки хи- лол, пашшахурак ва гайра мавчуданд. Дарё ва кулхои Помир ширмохи, гулмохи ва осмонмохи доранд. Помир бо куххои баланди худ ба яке аз марказхои алпинизми СССР ва хоричи табдил ёфтааст. Ниг. низ Вилояти Автономии Бадахшони Кухи (ВАБК).

Таърихи тадкикот. Доир ба табиати Помир хануз дар асри 13 сайёхи италияви Марко Поло (1254—1324) маълумоти нахустин додааст. Соли 1871 ба ин чо барои тадкикот А. П. Фед­ченко, сонитар Н. А. Северсов, А. Э. Регел, Д. Л. Иванов, Г. Е. Грумм- Гржимайло, соли 1896 С. И. Коржинекий, пас аз муддате О. А. Федчен­ко, И. В. Мушкетов, В. Ф. Ошанин, соли 1916 Д. В. Наливкин ва соли 1916 Н. И. Вавилов омада буданд. Махсусан дар давраи совети табиати Помир мунтазам ва хаматарафа тадкик гардид. Соли 1923 нахустин Экспедитсияи комилексии совети бо рохбарии Н. Л. Корженевский ба омухтани орография, яхбандихо, геоло­гия, лимнология (кулшиноси) ва набототи нохияхои баландкухи Помир шуруъ намуд. Соли 1927 Экспедитсияи Университети давлатии Осиёи Миёна (рохбараш П. А. Баранов) тадкики хоку наботот, иклим ва пешомадхои хочагии кишлоки Помирро ба ухдаи худ гирифт. Соли 1928 бо рохбарии Н. П. Горбунов Экспедитсияи комплексии советию германи нохияхои баландкухи Помирро харчониба тадкик намуд, ки дар ко­ри он як катор олимони намоёни совети ва немис иштирок карданд. Соли 1932 дар назди СКХ СССР Экспе­дитсияи комплексии Точикистон ташкил ёфт. Ва соли 1933 он Экспедитсияи Помир ва дигар нохияхои Точикистон номида шуда, дар давоми 5 сол корхои зиёдеро анчом дод. Минбаъд ба кори экспедитсияхои сершумори Помир Базаи точикистонии АФ СССР, сонитар Филиали точикистонии АФ СССР бо сардории Е. Н. Павловский рохбари намуд. Соли 1951 АФ PСC Точикистон ташкил гардида, тамоми корхои илмии оид ба Помирро тахти назорати худ гирифт.

Ад.: А г а х а н я н ц О. Б., Основные проблемы физической географии Пами­ра, ч. 1—2, Д., 1965—66; Гвоздецки й Н. А., Памир, М., 1.968; Бархатов Б. П., Тектоника Памира, Л.,            1963; П е й в е А. В. [ва диг.], Тектоника Памиро-Гималайского сектора Азии, дар кит.: Гималайский и альпийский оро­генез, М., 1964; Чедия О. К., Лос­кутов В. В., Палеогеография Памира и сопредельных стран в плиоценчет­вертичное время, дар кит.: Четвертич­ный период и его история, М., 1965; В а сильев В. А., Кайнозой Памира (континентальные отложения), Дм 1966; 3 а б и р о в Р. Д., Оледенение Памира, М., 1955; Станюкович К. В., Рас­тительный покров Восточного Памира, М., 1949; Иконников С. С., Опреде­литель растений Памира, Д., 1963; Памир (основные итоги исследований природы Памира за 100 лет и дальнейшие пер­спективы их развития), Ду 1973.

К. В. Станюкович.

ПОМИР, дарёест дар канори чанубии Помир (ВАБК). Ба хавзаи дарёи Аму мансуб аст. Помир аз кули Зоркул (баландиаш 4126 м) cap шуда, кад- кади сархади Точикистон ва Афгонистон чори мешавад. Тулаш 117 км, масохаташ хавзааш 4320 км2. Поёнтар аз дехаи Лангарбод. Вахон як шуда, дарёи Папч ном мегирад. То хамрохшавии шохоби Юлмазор Помир аз водии васеъ ва баъд хамчун дарёи шухи кухи аз водии тангу чукур чори мешавад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …