Маълумоти охирин

Озоди

Озоди, дар асоси дарки зарурати объективи мувофики дарачаи дониш, имконият ва кобилияти фаъолияти худ амал кардани одам. Озодии одамон ба дарк ва истифодаи конуниятхои объективии табиат асос меёбад. Масъалан Озоди дар таърихи афкори чамъияти, аз руи анъана ба саволи оё одам озодии ирода дорад ё не, нисбат дода мешуд.

Фахмиши материалистии таърих тасаввуроти идеалистиро дар бораи он, ки Озодии шахсият ба шароитхои объективи вобастаги надорад, рад мекунад. Марксизм бар зидди мукобилгузории метафизикии Озоди ва зарурат низ мебарояд. Фахмиши марксисти Озоди ва алокаи мутакобилаи диалектикии он бо зарурат аз тасаввуроти волюн­таристи, ки бесарусомониро таргиб менамояд ва фаталисти, ки онро чуп сарнавишт медонад, ба кулли фарк мекунад.

Зеро одамон дар фаъолияти амалии харрузаашон на ба зарурати абстрактии вучуддошта, балки бо тачассуми конкретии таърихии он сару кор доранд, ки дар шакли муносибатхои реалии ичтимоию ик­тисоди вучуд доранд. Гарчанде одамон дар интихоби шароитхои объективии рафтори худ озод набошанд хам, бо вучуди он дар интихоби максадхои худ ба дарачаи муайян Озоди доранд.

Зеро дар дар як лахзаи мазкур на як, балки якчанд имкониятхои реали вучуд доранд. Аз ин ру, Озоди мутлак нею нисби буда, дар хаёт ба рохи интихоби плани муайяни амалиёт равона карда мешавад. Озоди хар чи кадар зиёд бошад, одамон имкониятхои реалии худро хамон кадар хубтар дарк мекунанд.

Аз ин чо таърифи марксистии Озоди чун «донистани зарурат» ба миён меояд, ки мувофики он Озодии шахси­ят, коллектив, синф ва чамъият умуман «на аз хаёлан ба конунхои табиат тобеъ набудан…», балки бо кобилияти «дар асоси донистан карор кабул кардан», интихоб намудан вобаста аст (Энгельс Фридрих, Анти-Дю­ринг, Душанбе, 1975, сахифаи 115).

Озоди ба хеч вачд маънои бесарусомониро ифода намекунад. Озодии абстракти умуман вучуд надорад. Озоди хамеша конкрети ва нисбист. Одамон ба Озоди вобаста ба шароити объективи ва вазъиятхои конкрети ноил ва ё аз он махрум шуда метавонанд. Дарачаи инкишофи куввахои истехсолкунанда, просессхои объективии табиату чамъиятро дарк кардани одамон, сохти ичтимои ва сиёсии чамъияти мазкур андозаи Озодии наслхои дар давраи конкретию таърихиро муайян меку­нанд. Озодии шахсият факат кисми 0зодиест, ки чамъият умуман дар ихтиёри худ дорад.

Аз ин ру, чунон ки Владимир Илич Ленин таълимотл фардии Озодии анархистиро рад карда зикр намудааст, «дар чамъият зиндаги карда истода, аз чамъият озод будан мумкин нест» (Ленин Владимир Илич, Асархои, чилди 10, сахифаи 36). Таксимоти мехнат, моликияти хусуси будани воситахои истехсолот ва ба синфхои антагонисти чудо шудани чамъият дар формасияхои антагонисти боиси хукмронии ман­фиатхои гайрирасми ва просессхои ба таври бешуурона амалкунанда мегарданд, ки аз ихтиёри одамон берун баромада ба окибатхои бади ичтимои оварда мерасонад.

Дар чунин шароит Озодии синфхои хукмрон зарурати моликияти хусуси, сарватхои модди ва маънавиро идора кар­дани онхо, ба фоидаи дигарон хизмат намудани синфхои истисморшаванда, иродаи бегонаро ичро намудани онхоро такозо мекунад. Хачми моликияти хусуси, ки имконияти саришта намудани неъматхои моддию маънавиро ба миён меорад, ба андозаи Озодии фарди табдил меёбад.

Дар тули тамоми таърихи инсоният муборизаи одамон ба мукобили махдудкунии Озодии ичтимои дар кадом шакле, ки зухур ёфта бошад, кувваи тавонои харакатдиханда ва прогресси чамъияти буд. Озоди ва баробари дар Европаи Гарби ва Аме­рикаи Шимоли дар арафаи револютсияхои буржуази чун баробарии табиии одамон эълон карда шудаанд, ки хукукхои якхелаи истифодаи комёбихои тамаддун, идора намудани махсули мехнату кисмати худро ифода мекард.

Буржуазияи прогрес­сиви дар тахти шиори «Озоди, баро­бари, бародари!» оммаи халкро аз кафои худ ба мубориза бар зидди феодализм бурдааст. Таърихи чамъияти капиталисти таълимоти буржу­азии Озодиро инкор мекунад. Озодии шахсият хатто дар мамлакатхои мутараккии капиталистии муосир ба андозаи муайян калбаки шуда, хукукхои реалии (Озоди сухан, вичдон, ташкилот, мачлис) дар рафти муборизаи пуршиддат бадастовардаи оммаи халк аз тарафи иртичоъ доимо поймол мешаванд.

Идеологхои буржуази шиори Озодиро ба максадхои про­пагандисти васеъ истифода мебаранд. Чунин аст мохияти шиори «олами озод», таълимотхои мухталифи технократи ва бихевиорестй, ки барои мухофизати чамъияти поймолкунандаи Озоди—капитализм исти­фода мешаванд.

Танхо дар натичаи нест намудани муносибатхои антагонистии байни одамон, ки дар натичаи хукмронии моликияти хусуси ба миён меоянд, шароитхои объективии Озодии хакики фарохам меояд. Фаъолияти чамъиятии одамон хамон вакт эчодкори хакикатан озод ва бошууронаи таърих буда метавонад, ки агар чои про­сессхои бешууронаи чамъиятиро инкшпоф мувофики план бигирад.

Дар чамъияти коммунисти, навиштааст Ф. Энгелс, «куввахои объективии бегонае, ки то хол ба таърих хукмронй карда меомаданд, зери назорати худи одамон медароянд. Факат аз хамон вакт cap карда одамон таъ­рихи худро худашон комилан бошуурона эчод кардан мегиранд, факат хамон вакт омилхои чамъиятие, ки аз тарафи одамон ба харакат оварда мешаванд, беш аз пеш окибатхоеро ба миён меоваранд, ки дилхохи ода­мон бошанд. Ин аз олами зарурат ба олами озоди чахидани инсоният мебошад» (Энгелс Фм Анти-Дю­ринг, Душанбе, 1975, сахифаи 299).

Дар баробари ин барои ба даст овардани Озодии пурраи фарди бояд, ки манфиатхои дар як шахс ба манфиатхои хамаи аъзоёни дигари чамъият мувофик бо­шанд. Револютсияи сотсиалисти ба Озодии ода­мон дар тамоми сохахои хаёти чамъияти ибтидо гузошт. Озодии маз­кур дар баробари инкишофи босуръати куввахои истехсолкунанда, револютсияи илмию техники, такомули муносибатхои чамъияти, болоравии маданиятнокии умуми меафзояд. Озоди дар  чамъияти коммунисти бо фарохам овардани хамаи шароитхои зapypии барои инкишофи хаматарафаи шахсият мепайвандад. Нигаред низ Озодихои демократи.

Адабиёт: Маркс Карл и Энгелс Ф.. Немецкая идеология, Сочинения, 2 издание том 3; Энгельс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1975;

Ленин В. И., Давлат ва револютсия, Асархои., чилди 25; Программаи КПСС, Душанбе, 1974; Материалхои съезди 26 КПСС, Душанбе, -1981; Конститутсияи (конуни асосии) Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти, Душанбе, 1977; Ойэерман Т. И., Марксист­ско-ленинское понимание свободы, Москва,

1967; Балле р Э., Человек и свобода. Москва, 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.