Маълумоти охирин

Осафии Хирави

Осафии Хирави (1449, Хирот — 1517, хамон чо), шоири форс-точик. Дар зодгохаш тахсили илм кардааст. Осафии Хирави сохиби зехни салим ва табъи баланд буда, дар доираи адабии Хирот, ки ба он Чоми сарвари мекард, макоми хос дошт. Осафии Хирави яке аз шогирдони бомахорати Чоми буд. Аксари тазкиранигорон уро яке аз шоирони пуркудрату тавоно муаррифи кардаанд. Аз ашъори Осафии Хирави бармеояд, ки поёни умраш дар хориву зори ва факру зиллат гузаштааст. Аз Осафии Хирави девоне бокист, ки дар он газал мавкеи асоси дорад. Мавзуи асосии газалиёти Осафии Хирави  ишку мухаббат буда, дар зимни он шоир ба мавзуъхои зиёди ичтимои, пандуахлоки, хасбихоли ва гайра даст задааст. Дар девони Осафии Хирави бисёр банду байтхое мавчуданд, ки дар онхо шоир аз вокеоти ногувори замона, фитнаву нобаробарихо, бекасиву танхои, бекадриву бадбахтии ахли хирад шикоят кардааст:

Онам, ки дар ин шахр касе нест маро,

Дар боги чахон кадри хасе нест маро,

Дар банди бало хамнафасе нест маро,

Фарёд, ки фарёдрасе нест маро.

Осафии Хирави бар хилофи шуарои маддох ба­рои тамаъ хеч гох ба мадхи касе су- хан нагуфта, бо дастранчи худ хоксорона умр ба cap мебурд. Дар сабку услуб, шакли газал Осафии Хирави  асосан ба Амир Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Хофиз, Камол ва устодаш Чоми пайрави мекард. Вале дар ин боб у сухани наву тозае низ доштааст, ки сазовори бахои баланди суханшиноси бузург — Мирзо Абдулкодири Бедил гардидааст ва аз ин бобат «Са­финаи Хушгу” дарак медихад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …