Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ориф Мухаммадшариф

Ориф Мухаммадшариф

Ориф Мухаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 точик. Дар мавзеи Огонакии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мад­раса тахсил карда, илмхои расмии замонашро омухт. Аввал дар ахди амир Шохмурод (1785—1800) ва баъд амир Хайдар (1800—27) ба сифати вокеанигори дарбор хизмат кардааст. Аз Ориф девони газалиёт ва як асари таърихи бо унвони «Точ- ут-таворих» бокист.

Хачми девони Орифро Возех («Тукфат-ул-ахбоб фи тазкират-ил-асхоб») «карпб 3000 байт» гуфтааст, вале то ба дасти мо на бештар аз 1000 байт расидааст. Девони Ориф бо мазмуну мундаричаи гояви ва бадеии худ чолиби диккат буда, дар омухтани мохият ва хусусиятхои адабиёти охири асри 18 ва аввали асри 19 манбаи пуркиматест. Дар шеърхои Ориф баъзе вокеоти дарбор, руйдодхои нохуши он замон инъикос ёфтаанд. Дар як шеъраш чунин туфтааст:

Зи ашки дилхароши чонгудозам шуъла мечушад,

Ба ранги катраи хуне, ки аз чашми кабоб афтад.

Чу гавхар аз ватан овора дорад софтаобъонро,

Илохо, дар гамободи Хаводис инкилоб афтад.

«Точ-ут-таворих»-и Ориф дар омухтани хаёти ичтимоию сиёси ва торочгарихои давраи амир Шохмурод ва амир Хайдар сарчашмаи пуркимати таърихист. Нусхаи девони Ориф дар китобхонаи Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон, «Точ-ут-таворих» дар захираи дастнависхои шаркии Академияи Фанхои  Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон махфуз аст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …