Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ориентасия

Ориентасия

Ориентасия (франсави orientati­on — самт ба шарк, аз лотини oriens — шарк), таъмими мафхуми самти хати ростро ба фигурахои геометрии нисбатан мураккаб гуянд.

Ориентасия дар хати рост. Нукта аз руи хати рост дар ду самти мукобил харакат карда метавонад. Масалан, аз руи хати рости го­ризонталии АВ (расми 1) хам аз рост ба чап ва хам аз чап ба рост харакат кардани нукта мумкин аст. Хати росте, ки дар он самти муайян нишон дода мешавад, хати рости ориентиронидашуда ном дорад.

Ориентасия дар хатикач. Хар як хати качро ба монанди Ориентасияи хати рост хам мукобили харакати акрабаки соат ва хам мувофики харакати он ориентиронидан мумкин аст (расми 2).

Ориентасия дар хамвори. Бигузор ягон кисми хамвори бо хати качи сарбастаи одди махдуд бошад. Ин хати качро бо ду усул ориентиронидан мумкин аст. Хангоми ориентиронии хати кач кисми бо ин хати кач махдудшудаи хамвори низ ориентиронида мешавад. Агар хангоми ду хати качро аз руи самти нишондодашуда гузаштан кисмхои бо ин хатхои кач махдудшудаи хам­вори дар як тараф вокеъ бошанд, ин ду хати кач як хел ориентиронидашуда ном доранд.

Масалан, дар расми 2 ва 4 хатхои кач як хел, хати качи расми 3 бошад, мукобили онхо ориентиронида шудааст. Хамвори якчоя бо хатхои качи ориентиронидашудааш хамвории ориентиронидашуда номида мешавад. Агар дар хамвори тирхои координатахо Ох ва Oy бо самти муайяни мусбат интихоб шу­да бошанд, ба ин холат чунин Ориентасияи хамвори мувофик меояд, ки дар он давраи марказаш ибтидои координатахо буда дар самти аз самти мусбати тири Ох ба самти мусбати тири .

Оу гирифташуда ориентиронида шу­да аст. Macалан, системахои координатахои дар расми 5 ва 6 нишондодашуда хамон як Ориентасияи хамвориро нишон медиханд. Системаи координатахои расми 7 бошад, баръакс ориентиронида шудааст.

Ориентасиям с а т х. Ориентасияи сатхи дилхох хам ба монанди Ориентасияи хамвори муайян карда мешавад. Ду пораи сатх хамон вакт як хел ориентиронидашуда номида мешаванд, ки хангоми аз руи самти додашуда гу- заштани хатхои качи ин порахои сатхро махдудкунанда порахоисатх дар як тараф вокеъ гарданд. Macалан, сатхи кубхои расмхои 8 ва 9 як хел, аммо сатхи расми 10 баръакси онхо ориентиронида шудаанд. На хамаи сатххо ориентиронидашаванда мебо­шанд.

Ориентасияи фазо. Агар тирхои координатахои Ох, Оу, Ох бо самтхои муайяни мусбат интихоб шуда бошанд, Ориентасияи О фазо чунин му­айян карда мешавад: аввал ягон тетраэдра ОАВС, ки яке аз куллахояш дар ибтидои координата О ва куллахои дигараш дар шуоъхои мус­бати тирхои координата А, В; С чой гирифтаанд, муоина карда мешавад (расмхои 11, 12); секунчаи АВС, ки дар сатхи ин тетраэдр мехобад, бо тартиби АВС (яъне аввал аз тири Ох ба тири Оу ва баъд ба тири Ох) ориентиронида мешавад; хамин тавр Ориентасияи сатхи тетраэдр ва аз ин ру Ориентасияи тамоми фазо муайян карда мешавад. Мафхуми «Ориентасия»-ро барои фазохои бисёрчена низ умумият додан мумкин аст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …