Маълумоти охирин

Оратория

Оратория (лотини oratoreum — ибодатгох), асари калони «мусикиест, ки одатан дорои сюжети драмави буда, барои сарояндагон (солистон), хор ва оркестр эчод мешавад. Оратория бо кантата каробат дорад, вале аз он бо хачм, хусусияти эпикию драмави ва сюжет фарк мекунад. Оратория дар асрхои 16—17 дар Италия пайдо шудааст. Ба ташаккули Оратория жанрхои опера ва мадригал мусоидат намудаанд.

Дар асри 18 Оратория ба опера наздик шуда, баъзан дар сахна ичро мегардид. Дар ин давра охантсозони италияви Ч. Карпссими, А. Скарлатти, Ч. Перголези, Д. Чимароза ва дигар  Оратория навиштаанд. Инчунин шаклхои хоси Ораторияхои немиси, австрияги, франсави пайдо шуда, инкишоф ёфтанд. Бастакори англис Г. Ф. Гендел (асри 18) дар та­шаккули ин жанр сахме гузошт. Як катор бастакорони намоёни асрхои  18—19 Европа И. С. Бах, И. Гайдн, Г. Берлиоз, Ф. Лист, Р. Шуман, К. Сен-Санс, Ж. Масоне ва дигар жанрхо  Ораторияро ба пояхои баландтар бардоштанд.

Дар асри 20 А. Онеггер («Жанна д’Арк дар гулхан»), Э. Г. Мейер («Ораторияи Мансфелд») асархои мукаммали оратори эчод карданд. Аввалин Ораторияи руси соли 1811 навишта шудааст («Минин ва Пожарский ё Москва и озод»-и С. Дегтярёв). Дар замони совети жанри Оратория ба бозёфтхои мухимми эчоди ноил шуд: «Емелян Пугачёв»-М. Ковал, «Достони мухориба барои сарзамини рус»-и Ю. Шапорин, «Мухофизати сулх»-и А. Прокофев, «Ораторияи муассир»-и Г. Свиридов ва гайра. Дар Точикистон аввалин бор бастакорон Ф. Солиев ва М. Светаев Оратория навиштаанд: бахшида ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр (1967).Ораторияи Я. Саб­за нов «Чарогхои Норак» (1970) хеле машхур аст. Ба чашни 50-солагпи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  М. Ашрафи аз руи достоин «Шохнома»-и Фирдавси Ораторияи «Досто­ни Рустам»-ро навишт (1974).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …