Оптикаи геометри, як фасли оптика буда конунхои пахноиши рушноиро дар асоси тасаввурот оид ба шуоъхои рушнои меомузад. Хатеро шуои рушнои гуянд, ки кад-кади он сели рушнои пахн мешавад. Мафхуми шуоъ факат то дами дар китъахои аз чихати оптики гайриякчинсаи мухит ба назар нагирифтани дифраксияи рушнои ба хакикат мувофик аст, яъне ин мафхум факат дар сурате мавриди истифода буда метавонад, ки дарозии мавчи рушнои назар ба андозаи гайриякчинсагихои мухит басо хурд бошад.
Конунхои Оптикаи геометри ба бунёд кардани назарияи содда (вале аксаран ба кадри кофи дуруст)-и систе- махои оптики имконият медиханд. Оптикаи геометри асосан пайдо шудани тасвирхои оптикиро шарх дода, хисобу китоби аберрасияхои системахои оптики ва коркарди усулхои ислохи онхо, инчунин ёфтани таносубхои энергетикии дастахои шуои аз системаи оптики гузарандаро имконпазир месозад.
Конунхои ростхатта пахншавии рушнои ва инъикоси рушноиро Евклид баён карда буд. Дар асри 17 Оптикаи геометри вобаста ба ихтирои як силсила ас- бобхои оптики (гулбаи биниш, пурбин, телескоп, микроскоп ва гайра) ва истифодаи онхо дар амалия таракки кард. Дар инкишофи пуравчи Оптикаи геометри роли И. Кеплер, Р. Декарт ва В. Снелл бузург аст.
Бо мукаррар гардидани принсипи Ферма дар асри 17 асоси назариявии Оптикаи геометри гузошта шуд. Барои мухити якчинса принсипи Ферма ягона конуни ростхатта пахншавии рушноист. Конунхои шикаст ва инъикоси рушнои, ки таърихан пеш кашф шудаанд, низ натичахои хамин принсип мебошанд. Аз асри 18 Оптикаи геометри, усулхои хисобу китоби системахои оптикиро такмил дода, чун илми амали инкишоф ёфт. Баъди ба вучуд омадани электродинамикаи классики маълум шуд, ки формулахои Оптикаи геометриро аз муодилахои Максвелл хосил кардан мумкин аст.
Оптикаи геометри намунаи назарияест, ки бо ёрии микдори ками мафхуму конунхои умда ба даст овардани натичахои амалии мухимро имконпазир месозад. Оптикаи геометри дар назарияи олоти оптики то хол ахамияти калонеро сохиб аст.
Адабиёт: Ландсберг Г. С., Оптика, 5 -издание, Москва, 1976 (Общий курс физики, том 3