Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ономастика

Ономастика

Ономастика (аз юнони onomastikds — санъати номгузори, onoma — ном), 1) як шуъбаи илми забоншиносиро гуянд, ки таърихи пайдоиш ва тахаввули исмои хосро меому­зад; 2) мачмуи хама гуна исмхои хос (лексикаи ономастики), оним и я, ки вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимхо (номи ашхос), этнонимхо (номи кавмхо, миллатхо, халкхо), топонимхо (номи маконхо), гидронимхо (номи дарёхо), космонимхо (номи чирмхои ос­мони), теонимхо (номи эзидону фариштахо), демонимхо (номи офариниши бад), зоонимхо (номи хайвонот), фитонимхо (номи растанихо), фалеронимхо (номи мукофотхо, нишонхо, медалхо), хрематонимхо (номи ашё, асархои илмиву бадеи, чашну маросимхо, муассисахо, навъхои махсулот) ва гайра таксим мешаванд.

Ономастика махсули тафаккури даврахои гуногуни инкишофи чамъият, боигарии маънави, ганчинаи боэътимоди таъриху маданият ва як хиссаи мухими фонди лугавии забон буда, барои тадкики масъалахои этимология, фонетика, калимасози, шевашиносии таърихию муосир ёри мерасонад.

Ономастика бо мантик, психология, этнография, таърих, археология, география, геология, нумизматика, сотсиология, адабиёташносию услубшиноси алока дорад. Ходиса ва вокеахои гуногуни чамъият, дигаргунихои ичтимоиву мадани дар системаи Ономастика инъикос меёбанд. Системам Ономастика дар омузиши масъалахои таърихи урфу одат, расму оин, тафаккуру чахонбини, маданият ва гайра ахамият дорад.

Баъзе сохахои Ономастикаи точик, аз чумла, масъалахои топонимия аз тарафи Р. X. Додихудоев, С. И. Климчитский, Л. И. Розова, А. В. Розеяфелд, О. И. Смирнова, А. Л. Хромов, антропонимия аз тарафи Я. И. Калонтаров, Р. О. Ортиков, О. F. Гафуров мавриди омузиш карор гирифтаанд.

Адабиёт: Додихудоев Р. X., Памир­ская микротопонимия, Душанбе, 1975; Розо­ва Л. И., Словарь географических тер­минов и других слов, формирующих то­понимию Таджикской ССР, Москва, 1975; Хромов А. Л., Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана. Выпуск 1 Душанбе, 1975; Faфуров О.. Шархи исму лакабхо, Душанбе, 1961.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.