Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи интихоботи

Округи интихоботи

Округи интихоботи, вохиди территориявии интихоботи барои гу- заронидани интихоботест, ки органхои намояндагии давлати ташкил карда мешавад. Округи интихоботиро оид ба интихоботи Совети Иттифок ва Совети Миллатхои Совети Олил СССР Пре­зидиуми Совети Олии СССР ташкил мекунад. Барои интихоботи депутатхои Совети Иттифок ва Совети Миллатхо микдори баробари округхои интихоботи ташкил карда мешаванд.

Округи интихоботи оид ба интихоботи Совети Иттифоки Совети Олии СССР дар тамоми территорияи СССР бо шумораи баробари ахоли ташкил карда мешавад. Нормаи ахолии Округи интихоботиро барои хар як интихобот Президиуми Совети Олии СССР мукаррар менамояд. Округхои интихоботи оид ба интихоботи Совети Миллатхои Сове­ти Олии СССР аз руи нормаи зерин ташкил карда мешаванд: дар хар республикаи иттифоки 32 округ, дар хар республикаи автономи 11 округ, дар хар вилояти автономи 5 округ ва дар хар округи автономи 1 округ.

Округи интихоботи оид ба интихоботи Совети Миллатхо дар тамоми территорияи республикахои иттифоки, республикахои автономи ва вилоятхои автоно­мии дахлдор бо шумораи баробари ахоли ташкил карда мешаванд. Мувофики нормаи мукарраркардаи намояндаги аз хар округ 1 депутат интихоб карда мешавад.

Комитета ичроияи Совети депутатхои халки Округи интихоботиро бо шумораи баробари ахоли дар тамоми территорияе, ки хамин Совети депутатхои халки муттахид мекунад, ташкил менамояд. Хангоми муайян кардани худуди Округи интихоботи таксимоти маъмури-территорияви ва дигар хусусиятхо ба назар гирифта мешавад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.