Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Ненесхои Ямал

Округи Автономии Ненесхои Ямал

Округи Автономии Ненесхои Ямал, дар хайати вилояти Тюме­ни РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Дар Аксои Шимол, дар хамвории Сибири Гарби вокеъ гардидааст; 50% территорияи он дар паси Доираи Кутби Шимоли чой дорад. Онро бахри Кара ихота кардааст. Чазирахои Белый, Олений, Шокалский ва гайра ба он дохиланд. Масохат 750,3 хазор километр2. Ахолиаш 158 хазор нафар (1979). Ба 7 райони маъмури таксим шуда, 3 шахр ва 2 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш шахри Салехард.

            Табиат. Территорияи Округ 2 нимчазираи калон: Ямал ва Гыданскро дарбар мегирад, ки онхоро халичакхои Обь ва Тазовский аз хамдигар чудо кардаанд. Дар Гарб халичаки Байдараск, дар Шимол халичакхои Гыданский ва Юнаск вокеанд. Сатхаш пасти хамвор (баландии миёна 100 метр) аст. Дар Гарб китъаи борики нишебии шаркии Урали Кутби тул кашидааст.

Икли­маш континенти. Зимистонаш кахратуни дарозмуддат аст, зуд-зуд туфон мехезад. Харорати миёнаи январ аз —24,5° Селсия (чазираи Белый) то —25,7°Селсия (Новый Порт). Тобистонаш кутоху салкин ва нисбатан хунук; харорати миёнаи июл 3,6—40,2° Селсия. Дар кисми чануби округ бештар континентист; харорат миёнаи июл 14,4—15,3° Селсия. Боришоти солона 220—420 милиметр.

Давраи нашв аз 44 шаборуз дар Шимол, то 120 шаборуз дар Чануб, дар кисми зиёди территория яхбандии доими дида мешавад. Дарёхои калонаш — Об, Таз, Пур, На­дым, Мессояха ва гайра ба хавзаи бачри Кара мансубанд. Кули бисёр дорад; калонтарини онхо — Яррото, Нейто ва Ямбуто. Хоки кисми шимол Округ тундравию глеии ботлокй, кисми чануб глеию хокистари, хокистарию ботлокист.

Хоки сохили дарёхои калон аллювиали ва гилдор аст. 3/5  кисми территорияи Округро тундра ва бешатундра фаро гирифтааст. Дар кисми чануби Округ бешаи дарахтони сузанбарг, коч, чалгуза меруяд. Дар тундра гавазни шимоли,. заргуш, кокум, дар кисми чануби самур, санчоб, санчоби сибири ва аз паррандахо каб­ики сафеду тундрави, чилмург ва гайра вомехуранд. Дарё ва кулхо аз мохи боянд, халичакхои Об ва Тазовский белуха, нерпа доранд.

            Ахоли. Дар Округ русхо, ненесхо, хантихо, комихо, селкупхо ва дигар зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 0,2 кас. Ахоли асосан дар сохили дарёи Об ва диг. дарёхои калон, дар кисми чануб халичаки Об чойгир шудааст. Шахрхо: Сале­хард, Надым, Лабытнанги.

            Маълумоти таърихи. Инсон дар ин территория дар давраи неолит маскун шу­да буд. Дар давраи биринчи шикорчиёну мохигирон дар сохилхои дарёхои Об ва Таз дар заминканхо истикомат карда бо кабилахое, ки ба маданияти андрони мансуб буданду дар бешадашту дахтхои чануб зиндаги мекарданд, аз чихати этники ба хам хеле наздик буданд. Ахолии тахчои дар нимаи дуюми хазораи 1 то милод хаёти мукими ба cap бурда бо шикор, мохигири ва шикори хайвонхои бахри машгул бу­данд.

Ненесхо дар хазораи 2 милод дар минтакаи тундра га- вазнпарвариро ривоч доданд. Муносибатхои чамоаи ибтидои хукмрон буд. Саноатчиён ва савдогарони (новгородихо) рус дар асри 11 ба ин сарзамнн cap да- роварданд. Дар охири асри 16 он ба Россия хамрод карда шуд. Соли 1595 дар резишгохи дарёи Об дехаи Обдорск (шахри Салехарди хозира) ва соли 1601 шахри Мангазея сохта шуд.

Дар асри 19 ба таври оммави ба хавзаи Об кучидани комию зирянхои Паси Урал cap шуд. Асрхои 18— 19 дар байни ахолии назди Оби По­ён муносибатхои феодали, баъдтар молию пулии капиталисти пайдо шуд. Амалдоронн Россияи подшохи ба гардани ненесхо, хантихо, селкупхо андози зиёд бор карданд, саноатчиёни рус ва савдогарон комию зирянхоро берахмона истисмор мекарданд.

Ахоли бесавод буд, аз гуруснаги ва бемори мемурд. Солхои 1820—40 тахти рохбарии Ваула Пиеттомин шуриши калони камбагалони хантию ненесхо бархост. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр мардуми Шимоли Обро аз зулми милли ва истисмор озод намуд. Апрели 1918 дар Обдорск Хокимияти Совети барпо карда шуд, аммо дар территорияи вилоят то охири соли 1921 чанги граждани мерафт.

Органхои хокимият дар махалхо — Советхо бу­данд, ки дар кори оиди русхо, не­несхо, хантихо ва комихо иштирок мекарданд. Территорияи хозираи Округ то соли 1930 аввал дар хайати уездхои Берёзовский ва Сургути губ. Тюмен, баъд дар хайати pайони Обдорски ок­руги Тоболи вилояти Урал дохил буд. Округ соли 1944 ба вилояти Тюмен хамрох карда шуд.

Аз ибтидои соли 1930 тo 1940 хочагихои гавазппарвари ва шикорчиёну мохидорон коллективонида шуданд. Дар хамин давра посёлкахои обод сохта шуданд. Ахолии кучманчи ба хаёти мукими мегузашт, Шабакаи мактабхои маълумоти умуми, муассисахои мадани ва табобати вусъат ёфт, интеллигенсияи милли ба вучуд омад. Халки рус дар сохтмони сотсиализм ба халки махалли ёрии калон расонд. Мехнаткашони округ солхои Чанги Бузурги Ватани дар фронтхо далерона мечангиданд ва дар акибгох мех­нат мекарданд. Округ бо ордени Байраки Сурхи Мехнат (1971) ва ордени Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шуд._

            Хочаги. Саноати газ ва мохи дар иктисодиёти. Округ чои асосиро мегирад.

Гавазнпарвари, шикори хайвоноти муинадор ва мохидори сохахои анъанавии хочагианд. Истехсоли махсулоти саноати дар солхои 1941—77 101 маротиба афзуд. Соли 1960 дар территорияи  Округ захираи калони газ кашф карда шуд.

Газ аз конхои Медвеже, Уренгой, Комсомолскии Шимоли ва Выганпурское истихроч мешавад. 2 комбинат ва 5 заводи мохи (Салехард, Тазовский, Новый Порт) дорад. Саноати чангал ва чубгари таракки кардааст. Саноати масолехи бинокори ташкил гардид. Соли 1978 0. 13 совхоз, 3,3 хазор гов, 2,0 хазор хук, 0,3 хазор гусфанд. 357 хазор гавазн дошт; он яке аз калонтарин районхои гавазнпарва- рии мамлакат мебошад.

Округ ба микдори зиёд муина тайёр мекунад. Дар фермахои парвариши хайвоноти муинадор рубохи нукрафоми сиёхчатоб, рубохи кабуди шимоли ва шагора мепарваранд. Рубохи шимоли, самур, санчоб, кокум ахамияти калони хочаги доранд. Дар Салехард стансияи тачрибавии хочагии кишлок кор мекунад, ки гармхона ва нихолхона дорад. Дарёхои Об, Надым, Таз, Пур киштигарданд.

Рохи бахрии Шимол ахамияти калон дорад. Барои кашфи конхои нави газ ва кашонидани чуб рохи охан Сургут — Уренгой сохта шуд. Салехард ба воситаи роххои хавои бо якчанд шахрхои СССР пайваст шудааст. Наклиёти трубопрово­да ахамияти калон дорад. 4 хати газопроводи Надым — Пунга амал мекунад. Газопроводи Мессояха — Норилск (навбати 3-юм) Уренгой— Сургут — Челябинск сохта шуд.

Сохтмони мадани. Соли 1914 Округ хамаги 3 мактаби ибтидои дошт. Соли тахсили 1978/79 дар 60 мактаби маълумоти умуми 27,3 хазор нафар, дар мактабхои миёнаи махсус 1,1 хазор нафар талаба тахсил мекард. Соли 1979 Округ 454 духтур, 1647 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 1945 кат дошт. Соли 1978 дар муассисахои томактаби 4,5 хазор нафар кудак тарбия гирифт. Соли 1978 3 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси (Сале­хард), 95 клуб, 107 дастгохи филмнишондихи амал мекард.

Газетахои округи:  «Наръяна нгэрм» («Шимоли Сурх», аз соли 1953, ба забони ненеси) ва «Красный Се­вер» (аз соли 1931) ба забони руси нашр мешаванд. Ахоли барномаи якуми Телевизиони марказиро ба воситаи системаи «Орбита-3» тамошо мекунад, инчунин барномаи якуми Радио» умумииттифоки ва махаллиро мешунаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …